МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли себ ба одамони камхун фоида дорад
ДУШАНБЕ, 29.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Себ меваи фоидабахше аст, ки истеъмоли ҳамаи навъҳои он ба инсон фараҳ мебахшад. Нафароне, ки фишори хунашон баланд аст, бояд ҳар субҳ 1 дона себи сабзро бо каме нони сиёҳ истеъмол намоянд. Ё ин ки як соат қабл аз хӯрок ним истакон шарбати себи сабзро истеъмол намоянд. Чунин тавсия медиҳанд мутухассисони соҳаи тиб.
Хӯрдани себ дил, майна ва ҷигарро қавӣ мегардонад. Себ аз оҳан бой буда, ҳамарӯза истеъмоли он ба одамони камхун тавсия дода мешавад, зеро ин мева дар организми инсон гемоглобинро баланд менамояд.
Ғизошиносон хӯрдани себро барои дилтапак (дилбозӣ) ва душвории нафас тавсия медиҳанд. Себ иштиҳоро мекушояд, сари меъдаро қувват мебахшад ва намегузорад, ки моддаҳои бегона ба меъда ворид шаванд.
Себ инчунин вазни зиёдатиро кам мекунад. Ҳангоми парҳез хӯрдани себ бо кефир фоиданок аст, зеро он токсинҳоро аз бадан хориҷ мекунад. Барои харобшавӣ аз он афшураҳо омода намуда, бояд нӯшид. Хӯрдани як дона себ 20 дақиқа пеш аз хӯрок иштиҳои хубро кафолат медиҳад.
Дар Англия зарбулмасале ҳаст: «Нафаре, ки дар рӯз себ мехӯрад, ба духтур муроҷиат нахоҳад кард». Дарвоқеъ, себ яке аз меваҳои манфиатовар барои организми инсон мебошад. Таркиби себ аз антиоксидантҳо бой мебошад, ки он ба кори дил ва майна кумак расонида, кислотаҳои дар таркибаш буда ба ҳазми хӯрок мусоидат менамоянд. Себ аз нахҳо, витаминҳои C, K, E, B1 ва B6, инчунин калий ва калсий бой аст.
Агар себро аз ҳад зиёд нахӯред, он ба саломатии шумо хатар надорад. Аммо дар баъзе мавридҳо хӯрдани аз меъёр зиёди он метавонад оқибатҳои начандон хуб ба бор орад. Дар таркиби тухми мева сианид мавҷуд аст. Фурӯ бурдани он гумон аст, ки зарар расонад, аммо агар тухмашро ба миқдори зиёд бо хоидан бихӯранд, сабаби заҳролудшавӣ мегардад.
Табибон ба беморони гирифтори диабети қанд тавсия медиҳанд, ки аз ду дона зиёд себ истеъмол накунанд- он ҳам фақат себи сабз бояд бошад.
Тавре муайян гардидааст, себи сабз дорои кислотаи аскорбин, витамини C буда, дар муқоиса бо себи зард ва сурх фоидааш зиёдтар мебошад. Себ барои пешгирии атеросклероз тавсия дода мешавад. Ним истакон афшураи себи сабз қабл аз хоб барои оромии асаб тавсия дода мешавад. Ҳамчунин пӯсти себро хушконида ё тару тоза ҳамчун чой дам карда нӯшед, барои фаромӯшхотирӣ давои хуб аст. Барои зуком ва бронхит низ нӯшобаи пӯсти себ тавсия дода мешавад.
Дар китоби «Канзи шифо» омадааст, ки «бояд одамони гарммизоҷ себи турш ва сардмизоҷон ширинашро тановул намоянд. Агар дар ҳолати хӯрдани себи ширину турш дар худ вазнинӣ ҳис намоед, набояд аз болои он оби хунук нӯшед. Себи тунҷро дар миёни хамир гирифта, дар зери оташ пухта бихӯранд, исҳоли хунинро мебандад, барои иллати сил ва лоғарӣ дармон мешавад. Ин себро кӯфта, ба чашм гузошта банданд, дарди чашмро нафъ дорад».
АКС аз манбаъҳои боз








ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли шибит ба организми инсон чӣ фоида дорад?
Паёми Президенти Тоҷикистон навиди фарҳангсоз барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст
Дар Тоҷикистон нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Илм ва маориф дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ қарор дорад
Таъсиси Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера заминаи мустаҳками институтсионалӣ ва қонунгузорӣ дорад
ОЗОДАПАЛАНГ. Дар Тоҷикистон барои шикор ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ нисбат ба бабри барфӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пурзӯр гардид
Бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар барои 460 нафар пешбинӣ шудааст
ТАШАББУСҲОИ НАҶИБУ ОМӮЗАНДА. Дар хусуси аз ҷониби Пешвои миллат тақдим гардидани се китоб ба аҳолии Тоҷикистон






