Нақши тоҷикон дар ташаккул ва рушди Роҳи бузурги Абрешим дар Душанбе баррасӣ шуд

Сентябрь 13, 2024 13:31

       ДУШАНБЕ, 13.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Роҳи бузурги Абрешим роҳи ҳамгироӣ, мубодила ва муколамаи Шарқу Ғарб маҳсуб шуда,  беш аз ду ҳазор сол  дар пешрафт ва шукуфоии тамаддуни башарӣ саҳми арзанда гузоштааст. Чунин гуфта шуд дар конфронси илмӣ-назариявӣ, ки дар   Осорхонаи миллии Тоҷикистон  таҳти унвони «Нақши тоҷикон дар ташаккул ва рушди Роҳи бузурги Абрешим»  баргузор гардид.

Ба АМИТ «Ховар» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ  доданд, ки конфронс  ба воридшавии ёдгориҳои фарҳангии умумиҷаҳонии фаромилии Роҳҳои Абрешим ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО  бахшида шуда, дар он директори Осорхонаи миллӣ  Зафаршо Иброҳимзода,  акдемики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Юсуфшоҳ Яъқубов, устодони  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  ва  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ сухан намуданд.

Тавассути Роҳи бузурги Абрешим, ки роҳи корвонгузар буд ва аз Чин ба воситаи Осиёи Миёна то ба Рум тӯл мекашид, тиҷорат ва робитаҳои мутақобили фарҳангӣ амалӣ мешуд. Ин аст, ки аҷдодони тоҷикон давоми чандин асрҳо пуштибонони асосии ин роҳ маҳсуб мешуданд.

Дар конфронс олимону донишмандон  дар мавзуъҳои  «Асосгузорони Роҳи бузурги Абрешим», «Муҳоҷирати тахориҳо дар Роҳи Абрешим», «Дипломатияи абрешимӣ чун асоси ташаккул ва фаъолияти Роҳи бузурги Абрешим», «Қалъаҳои Помир ва пайванди онҳо бо Роҳи Абрешим» ва «Мақоми роҳҳои тиҷоратӣ дар замони Ҳахоманишиҳо»  маърузаи илмӣ карданд.

Дар анҷоми конфронс иштирокдорон доир ба мавзуи «Нақши тоҷикон дар ташаккул ва рушди Роҳи бузурги Абрешим» табодули назар намуданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 13, 2024 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид