Намояндагони вилояти Хатлон бо фаъолияти корхонаи вилояти Сурхондарё шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 27.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан итттилоъ додем, 26 сентябр аъзои ҳайати вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуда, оид ба таҳкими ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мубодилаи таҷриба намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ҳайати вилоят дар идомаи сафар дар корхонаи коркарди пӯсти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бренди Top Quality» бо ҷараёни истеҳсолот ва маҳсулоти тайёр шинос гардид.
Аъзои ҳайат дар маҳаллаи Баҳори ноҳияи Ангор бо таҷрибаи парвариши меваю сабзавот дар замини наздиҳавлигии сокинон шинос шуданд. Ҳамчунин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли қолинҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Термиз миллий қолинҳо», бо тарзи истеҳсоли хӯроки чорво дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Афросиёб паранда» ва бо фаъолияти корхонаҳои коркарди меваю сабзавот дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Gold Dried Fruits Export» шинос шуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Раиси вилояти Сурхондарё Улуғбек Қосимов вохӯрӣ намуд, ки зимни он ҷонибҳо ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва иҷтимоию фарҳангии вилоятҳои Сурхондарёю Хатлон ва рушди муносибатҳои ду вилоятро дар марҳилаи нав баррасӣ намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






