Ноҳияҳои минтақаи Рашт дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ пешсаф мебошанд

Сентябрь 15, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 15.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияҳои минтақаи Рашт дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ пешсаф мебошанд. Зеро иқлим, табиат ва муҳити ин минтақа барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ нисбат ба дигар минтақаҳо хеле мусоидтар аст.

Тавре дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, то аввали имсол дар ноҳияи Рашт 23 303, Тоҷикобод- 6598, Лахш- 5813, Нуробод- 587 ва дар Сангвор 17 813 оилаи занбӯри асал парвариш  мешавад.

Ба иттилои масъулини Вазорати кишоварзӣ, дар ноҳияҳои Рашт ва Сангвор оилаҳои занбӯри асал бештар парвариш карда мешаванд ва асали ин ноҳияҳо аз ҷиҳати таъм фарқият дорад.

Тавре мутахассисон иброз доштанд, асали ноҳияи Сангвор яке аз асалҳои беҳтарини мамлакат маҳсуб мешавад. Зеро иқлим, табиат ва муҳити ин макон барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ нисбат ба дигар минтақаҳо хеле мусоид мебошад.

Занбӯриасалпарварони ноҳияи Сангвор иброз доштанд, ки занбӯрҳои ин минтақа аз набототи баландкӯҳ шаҳд гирд меоранд. Инчунин асали хуб аз зоти занбӯр низ вобастагӣ дорад. Агар занбӯр зоти хуб ва боқувват бошад, дар як сол ду маротиба асал гирифтан мумкин аст.

«Асал маҳсули ду организм – наботот ва занбӯр мебошад. Барои омода кардани асал нақши асосиро занбӯрони асали ҷавон мебозанд. Онҳо шаҳдро аз занбӯрони корӣ қабул мекунанд, намнокии онро кам карда, бо ферментҳои зарурӣ омехта менамоянд ва баъдан ба лоначаҳо мегузоранд. Баъди ба сомон расондани ин амалиёт занбӯрон қисми болоии асали тайёрро бо мум мепӯшонанд. То вақти пӯшонидани қисми болоии асал занбӯрон онро якчанд маротиба аз лоначаҳо гирифта, байни худ асалро коркард намуда, боз ба лоначаҳо мегузоранд, ки дар натиҷа нам­нокии асал аз 60 – 70 фоиз то ба 18 – 20 фоиз расида, ҳамаи равандҳои биологию кимиёвӣ анҷом меёбанд. Ин ҷараёнро пухтарасии асал меноманд»,-иброз медоранд занбӯрпарварон.

Асал дорои моддаҳои фаъоли биологӣ буда, барои табобати бемориҳои асабу дил, камқувватӣ, касалиҳои пӯст, ҳар гуна ҷароҳатҳои вазнин ва барқарор намудани хун дар организм ба таври васеъ истифода бурда мешавад.

Занбӯриасалпарварӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзӣ мебошад, ки таҳти таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, пайваста рушд меёбад. Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ», шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ҳамчунин ташкилоту корхонаҳо имкон доранд, ки ба парвариши занбӯри асал машғул шаванд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ корҳои зиёди назаррас анҷом дода шуданд. Соли 2023 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» ва дар асоси он якчанд қарори дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гардиданд, ки фаъолияти соҳаро ба танзим дароварда, ба ҳалли саривақтии масъалаҳои мавҷудаи он мусоидат менамоянд. Ҳамзамон бо ин чор барномаи давлатии рушди соҳа қабул гардид, ки ба пешрафти занбӯриасалпарварӣ дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат такони ҷиддӣ бахшид. Ҳамчунин рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ ба таъсиси ҷойи нави кор мусоидат намуд. Танҳо аз ҳисоби ин соҳа зиёда аз 10 ҳазор сокини мамлакат бо ҷойи кор таъмин гардида, сатҳи зиндагии худро беҳтар карданд.

Сарвари давлат  20 июни соли 2023 дар ноҳияи Ховалинг  бо ҳузури занбӯриасалпарварон аз тамоми минтақаҳои мамлакат чунин изҳор намуданд: «Мавҷудияти чашмаву рӯдҳои кӯҳӣ, майдони зиёди дарахту растаниҳои шифобахш ва дигар захираҳои табиии мамлакат (зиёда аз 170 намуд ва майдони 3,8 миллион гектар) заминаи мусоид фароҳам меоварад, ки дар Тоҷикистон соҳаи занбӯриасалпарварӣ рушд ёфта, миқдори оилаҳои занбӯри асал ба 600 ҳазор ва истеҳсоли асал то 14 ҳазор тонна дар як сол расонида шавад».

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 15, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раёсати ҷониби Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти омори мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «РВБ» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Забони тоҷикӣ аз ҷиҳати сермаъноии калимаҳо байни забонҳои дунё мақоми аввалро соҳиб аст. Бардошт аз ҳамоиши «Забон ва Истиқлол»
Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид
Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб густариш меёбад
Дар Душанбе ҳамкории ширкатҳои австриягӣ дар бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форум-намоишгоҳи байналмилалии сохтмонӣ 100+ TechnoBuild иштирок намуд
Ҳамлу нақли транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави Тоҷикистон ва Узбекистон бе рухсатнома амалӣ мегардад
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Асаре, ки шиносномаи забони тоҷикӣ гардидааст
Дар дарёи Ғунд Неругоҳи барқи обии «Чарсем» бунёд карда мешавад
Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир мегардад
Робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон ва Озарбойҷон тавсеа меёбанд