«ОБУ НОНАМ, ҶИСМУ ҶОНАМ, ОРМОНАМ, ТОҶИКИСТОН!». Ду шеъри шоир Камол Насрулло эҳдо ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

Сентябрь 9, 2024 08:29

ДУШАНБЕ, 09.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Беҳтарин дастоварде, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба халқи тоҷик дод, эҳёи навини ин сарзамини куҳанбунёду соҳибтамаддун мебошад. Симои навини маросиму суннату ойинҳои миллӣ, дурахши тозаи илму адабу одоби миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ҷилои тозаи симои миллӣ — инҳо ҳама самараҳои хуҷастаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон азиз мебошанд.

Оре, бо шарофати пирӯзии Истиқлолияти давлатӣ имрӯз вожаҳои муқаддаси Ватан, Тоҷик ва Тоҷикистонро ҳар яки мо, хурду бузурги мамлакат бо ифтихору самимияти баланд ва муҳаббати бепоён ба забон меорем. Инҳо вожаҳое мебошанд, ки моро руҳбаланд менамоянд, ба мо қувват мебахшанд ва роҳнамои мо дар роҳи эҳёи сарзамини бостониамон мегарданд. Ва, чунон ки мебинем, ашъори шоирони мо дар васфи Ватану Тоҷикистон ҳамин ифтихор ва муҳаббати ватандӯстиро дар сиришти мо пойдор ва руҳи моро болида мегардонад.

Далели ин гуфтаҳо ду шеъри тозаи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Камол Насрулло мебошанд, ки воқеан дар онҳо ин вожаҳо бо ҷилои тозаву ифтихори баланди миллӣ дурахшидаанд.

ОБУ НОНАМ

Обу нонам, ҷисму ҷонам, ормонам, Тоҷикистон!
Остонам, осмонам, бекаронам, Тоҷикистон!

Аввалинам, охиринам, оҳаринам, озаринам,
Чун қасам, савганди олӣ дар забонам, Тоҷикистон!

Обу хокат дар вуҷудам, руҳи покат дар вуҷудам,
Реша дорад ҳар гиёҳат дар равонам, Тоҷикистон!

Ман ҳама хун гаштаву пӯшидаам худро, ки бошам,
Рамзи ишқат, нахли яксар арғувонам, Тоҷикистон!

Ҳикмату одобу фазли халқи огоҳат нигаҳбон,
Родмардии ниёкон пуштибонам, Тоҷикистон!

Гар касе аз ту гурезад, рӯзи сахтӣ, рӯзи мотам,
Бо ту монам, бо ту монам, бо ту монам, Тоҷикистон!

Ман ба ҳар як бораи сангини ту ҳамсина ҳастам,
Ман ба ҳар як рӯди покат ҳамравонам, Тоҷикистон!

Ориёнои бузурги рафта аз дастӣ, дареғо,
Дар раҳи эҳёи армонат равонам Тоҷикистон!

Бо сари ҳар қуллаи кӯҳат сарафрозам ба дунё,
Дар канори сангҳоят сахтҷонам, Тоҷикистон!

Дар сари ҳар сахра бо нанги ту бархезам сари по,
Охирин марзат хати рагҳои ҷонам, Тоҷикистон!

То ту ҳастиву маросимҳои некат зиндаанд,
Зинда ҳастам, зинда ҳастам, зинда монам, Тоҷикистон!

ТУЛӮЪИ ОЗАРИНИ ТОҶИКИСТОН

Вожае чун Офтоби нурполо
Мебарояд бо тулуъи озарин
Аз варои қуллаи ихлосу имонам,
Аз сиришти ломаконам,
Аз ситеғи зиндагии пурфиғонам!
Дар самои тираи таърих,
Аз қаъри ҳазоронсола армонам:
Тоҷикистон!
Тоҷикистон!

Аз паси ин кӯҳи сангине, ки ман сад аср
Будаам дар инҳисораш, оқибат
Хештанро мераҳонам!
Мераҳонам! Мераҳонам!
Бо дурахши лоязолӣ,
Бо сиришти лоуболӣ!

Тоҷикистон!
Вожае, ки нурафшон чун муҳаббат
Медурахшад дар самои безаволӣ.

Вожае, ки дар забонам
Чун асал, чун қанд ширин аст!
Вожае, ки бо ҷилои ранг — ранги ишқ рангин аст!
Вожае, ки бо дурахши меҳри покам зарҳалин аст!

Вожае, ки сеҳрангез аст!
Вожае, ки атрафшон аст, гулбез аст!
Вожае, ки мисли тӯмори балогардон
Ҷисму ҷонамро ҳафиз аст —
Тоҷикистон! Тоҷикистон! Тоҷикистон!
Бишнав аз ин вожа меояд
Чаҳ-чаҳи булбул, навои обшор,
Савти оби ҷӯ, суруди кабки сор…,
Рози гулҳои муаттар,
Ҷилваи ишқи нигор…

Тоҷикистон, эй тулуъи меҳрбор!
Тоҷикистон, эй азизи ғамгусор!
Эй ҳамеша ҳамрадифи нангу ор!
Эй фурӯғи ишқ дар садҳо навор!
Аз баландои шукуҳат меҳри ман
Метаровад нарму шево чун навои обшор!

То-ҷи-кис-тон.., То-ҷи- кис- тон..!
Нек бин, дар ҳарф — ҳарфаш
медурахшад хайру эҳсон,
Бингар, аз ҳар пораи гармаш
Родмардӣ мезанад ҷавлон,
Бо ҷилои лоязолӣ
Медурахшад амри Яздон!

Тоҷикистон! Тоҷикистон!
Вожае, ки дар ҳавояш накҳати овешан аст,
Бӯи балдирғону вағнич, бӯи кокутӣ, ҷамилак,
Бӯи гулҳо, бӯи дилҳо, бӯи меҳри Меҳан аст!
Вожае, ки дар фурӯғаш ҳастии мо рӯшан аст!

Тоҷикистон! Тоҷикистон!
Эй ҷилои нийяти неки ниёкон!
Эй фурӯғи дилнавози руҳи покон!

Шаб ҳама хобанд, аммо
Чашмаҳоят ҳамчу чашмони ту бедоранд!
То сафои ҷисму ҷонат кам нагардад!
Рӯдҳоят чун ҷавонмардони ту
андар сари коранд,
То ки ҳатто як ниҳоли сарфарозат хам нагардад!

Тоҷикистон! Тоҷикистон!
Хоки ҳикматхези ту
марҳам ба садҳо захми ҷон аст,
Обҳои аз сафо полудаи ту
нӯшдоруи равон аст,
Тифлаконат покрӯву модаронат покҷон,
Кишвари эъҷозҳо,
пират ҷавон аст!

Инак, акнун дар замини файзборат
Аз ҳама дунё дарахт овардаву сабзондаем,
Аз тамоми гӯшаҳои даҳр гулҳоро шукуфондем,
Чунки хоки ишқ, хоки адл, хоки хайру эҳсонӣ!
Меҳани озодагонӣ!

Чунки хоки ту башар мепарварад,
Чунки хокат аз ҳама нахлу гули дунё
самар мепарварад!
Тоҷикистон! Тоҷикистон!

Пас чӣ гуна ифтихори ман набошӣ!?
Пас чӣ гуна пайкари нангу сари боло,
мадори ман набошӣ!?
Дори ори ман набошӣ!?

Тоҷикистон! Тоҷикистон!
Ин чӣ сеҳрангезу руҳафзо каломест!
Балки ин вожа шиори некномист!
Балки исми ту дирафши сулҳу ваҳдат,
Парчами меҳру адолат,
Балки номат хушнавою нурафшон
Чун саломест!

Кишвари сад суннату ойини нек!
Ҳаст ҳар як суннати ту дини нек!

Сарзамини Тиргону Меҳргон,
Мулки Наврӯзу Сада,
Баъди садҳо аср маҳфуз аст, маҳфуз аст
Дар ниҳоди рӯшанат оташкада —
Рамзи пирӯзии нури рафтагонат!
Зиндаву поянда бодо
Оташи равшангароӣ дар равонат!

Меҳргонат меҳри дунёро
фузунтар менамояд,
Хони ишқу дӯстиро
баҳри дунё мекушояд!

Тиргонат файзи об андар ҷилои Офтоб аст,
Балки ҳар рӯди ту саршори гулоб аст.

Мон, ки Наврӯзат ҷаҳонӣ гардаду
дунё шавад сарсабз,
Мон ки бо ойини неки он шавӣ
бо некмардони ҷаҳон ҳамнабз!

Тоҷикистон! Тоҷикистон!
Мо зулоли обҳои босафоятро
Дар нигаҳ, дар дил,
ба рагҳои равони худ
нигаҳ хоҳем дошт.
Файзу эҳсони замину обу нонатро
Дар тани худ чун фараҳ хоҳем дошт.

Мо ба дасти чап, ба дасти рост
Бар замини файзборат аз муҳаббат
тухми гул ё тухми дил хоҳем кошт…
Панду андарзи бузургони туро
Ҳамчу сутхон дар вуҷуди худ панаҳ хоҳем дошт!

То ту монӣ ҳамрадифи ишқ!
Ҳамрадифи меҳр! Ҳамрадифи адл! Ҳамрадифи ҷон!
Тоҷикистон!
Тоҷикистон!
Тоҷикистон!

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Сентябрь 9, 2024 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Забони тоҷикӣ аз ҷиҳати сермаъноии калимаҳо байни забонҳои дунё мақоми аввалро соҳиб аст. Бардошт аз ҳамоиши «Забон ва Истиқлол»
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав бо тадбирҳои бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ шинос гардид
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Асаре, ки шиносномаи забони тоҷикӣ гардидааст
«ЛИБОСИ МИЛЛӢ-СИМОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср таҷлил карда шуд
Роҳҳои ҷамоатҳои деҳоти «Алмосӣ», Мирзо Ризо ва Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор таъмир ва мумфарш мегарданд
«Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул гардид
Дар Нуробод 348 гектар заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун монда, майдони кишти ғалладона ва лубиёгиҳо кам гардидааст
ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҲОМИИ ЗАБОНИ МИЛЛАТ. Забони тоҷикӣ оинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати миллат ба шумор меравад
ТЕАТР ВА ТАМОШОБИН. Мавсими нави театрӣ то нимаи соли 2025 идома меёбад
Сарвазири Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ҷараёни иншооти бунёдшаванда шинос гардид