Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳсин Ҷаводӣ бо мақсади шиносоӣ бо таърихи куҳан, тамаддуни бостонӣ ва мероси ғании таърихию фарҳангии халқи тоҷик Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Муҳсин Ҷаводӣ толорҳои намоишии осорхонаро тамошо намуда, бо нигораҳои нодир, бозёфтҳои арзишманди бостоншиносӣ, намунаҳои барҷастаи санъати тасвирӣ ва ороишию амалӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар ёдгориҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик шинос гардид.
Ба меҳмон оид ба таърихи пайдоиш, арзиши илмӣ ва фарҳангии нигораҳо, марҳилаҳои муҳими ташаккули давлатдории тоҷикон ва нақши тамаддуни ниёгон дар рушди фарҳанги минтақа маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон ва Эронро пайвандҳои амиқи таърихӣ, забонӣ ва адабӣ ба ҳам мепайванданд, ки дар густариши ҳамкории фарҳангӣ ва муаррифии арзишҳои муштараки тамаддунӣ нақши муҳим доранд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд






