ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ ОИД БА ШОҲМОТ. Дастаи мардонаи Тоҷикистон дар категорияи «С» медалҳои биринҷӣ ба даст овард
ДУШАНБЕ, 23.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Олимпиадаи ҷаҳонӣ оид ба шоҳмот дар пойтахти Маҷористон- шаҳри Будапешт ба анҷом расид. Дастаи мардонаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар категорияи «С» медалҳои биринҷӣ ба даст овард. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии 7-и шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Дар олимпиада Алишер Каримов ва Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев як меъёри IM (international master) — устоди дараҷаи байналмилалиро иҷро намуданд.
Дар ҷамъбасти олимпиадаи ҷаҳонӣ дастаи мардонаи Тоҷикистон дар байни 188 даста ҷойи 63-юмро соҳиб гардид.
Дастаи занона дар байни 169 даста соҳиби ҷойи 70-ум шуд.
АКС: Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии 7-и шаҳри Душанбе








Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд






