ҶОМИ ТОҶИКИСТОН -2024. Бозии аввали марҳилаи нимниҳоӣ байни дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Регар-Тадаз» доир шуд

Сентябрь 25, 2024 18:10

ДУШАНБЕ, 25.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бозии аввали марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Регар – ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода баргузор гардид. Вохӯрии ин дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳисоби 0 бар 2 ба фоидаи дастаи футболи «Регар – ТадАЗ» анҷом ёфт. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Голҳоро дар ин бозӣ аз ҳайати дастаи футболи «Регар – ТадАЗ» Ҷозеф Феумба дар дақиқаи 26-ум ва Квадво Фримпонг дар дақиқаи 55-ум ба нишон расониданд. Бо ҳамин натиҷа вохӯрии дастаҳо анҷом ёфт ва ба финал роҳ ёфтани яке аз ин дастаҳо дар бозии ҷавобии марҳилаи нимниҳоӣ дар шаҳри Турсунзода маълум мегардад.

Дастаи футболи «Истиқлол» аллакай дар се бозӣ мағлуб мешавад. Дар Лигаи олӣ аз дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 0:1, дар Лигаи чемпионҳои 2-и Осиё аз дастаи «Шарҷа»-и Аморати Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 0:1 ва дар Ҷоми Тоҷикистон аз дастаи футболи «Регар – ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 0:2 мағлуб гардид.

Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол» дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро шикаст дода буд. Дастаи футболи «Регар – ТадАЗ» дар ҳамин марҳила бар дастаи «Шодмон» зафар ёфт.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 25, 2024 18:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад