Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Муассисаи давлатии «Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавии Данғара» оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 19.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр бо гузоштани санги асос аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сохтмони бинои 3 ошёнаи Муассисаи давлатии «Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавии Данғара» оғоз шуд.
Тибқи лоиҳа бинои театр аз 4 толори калон ва толору ҳуҷраҳои сершумори дигар иборат хоҳад буд, ки дар умум дорои 1 ҳазору 700 ҷойи нишаст бояд шаванд.
Толори асосӣ дар ошёнаи якуми бино ҷойгир шуда, бо 1 ҳазору 100 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи дуюм ду ва дар ошёнаи сеюм бошад, як толори дигари намоишӣ сохта хоҳад шуд.
Ҳангоми муаррифии лоиҳаи бинои театр ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки баландии толори асосӣ 18 метр шуда, он ҳамчунин дорои ҷойи нишасти оркестр, ду саҳнаи паҳлӯӣ, саҳнаи пушт, ҳуҷраҳои машқу тамрин ва дигар шароити зарурии сатҳи байналмилалӣ хоҳад буд.
Барои дар сатҳи баланди касбӣ омода намудани мутахассисони риштаи овозхонӣ, коргардонӣ ва навозандагӣ дар ошёнаи сеюми бино 11 синфхонаи таълимӣ таъсис дода мешавад.
Дар ошёнаҳои болоӣ толорҳои намоишӣ ва бадеӣ, машқу тамрин, устохонаҳои бадеӣ, толори мусиқӣ ва дигар ҳуҷраҳо ба нақша гирифта шудааст.
Дар таҳхонаи бинои театр осорхонаи санъат, коргоҳи дӯзандагӣ, анбори нигоҳдории либос ва созҳои мусиқӣ, нуқтаи либосивазкунӣ ва дигар ҳуҷраҳои техникӣ сохта хоҳад шуд.
Дар рафти сохтмони бинои театр беш аз 150 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд.
Дар асоси лоиҳа саҳни бинои театр сабзу хуррам гардонида шуда, таваққуфгоҳ барои воситаҳои нақлиёт ва фаввораҳо бунёд мегардад.
Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавии ноҳияи Данғара бо услуби хоси меъмории миллӣ бунёд шуда, ба ҳама талаботи муосири театрсозии ҷаҳонӣ мутобиқ хоҳад буд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бинои нави театр шинос гардида, ба бинокорону дигар масъулон барои дар муҳлати муайян бо сатҳу сифати баланд анҷом додани корҳои бунёдӣ ва ба аҳли фарҳанги ноҳия фароҳам овардани шароити созгори кору эҷод супоришҳои мушаххас доданд.









СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд






