Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара Муассисаи томактабии «Ворисон»-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 19.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пас аз ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 24 дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара, бинои Муассисаи томактабии «Ворисон»-ро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти навбунёд аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти ноҳия дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоҳати зиёда аз 1 гектар, бунёд ёфтааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, пас аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар мавриди бунёди муассисаҳои томактабӣ дар сатҳи деҳот ва маҳалҳо, Муассисаи томактабии «Ворисон» дар муддати хело кӯтоҳ аз ҷониби соҳибкорони ташаббускори ноҳия бо сифати баланд ва шароити замонавӣ омода шудааст.
Дар иншооти навбунёди таълимӣ 150 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои кор бо онҳо 10 нафар мураббия ва ёрдамчиёни мураббияҳо, ки ҳамагӣ соҳибтаҷриба ва дорои ихтисоси педагогӣ мебошанд, ҷалб карда шудааст. Шумораи умумии кормандон дар муассисаи томактабӣ 22 нафарро ташкил медиҳад. Бино дорои 17 хуҷраи барҳавои машғулиятгузаронӣ, аз ҷумла 5 хуҷраи хобу истироҳат, ошхона бо 25 ҷойи нишаст ва иншооти ёрирасон буда, ҳар кадоми он бо таҷҳизоти зарурӣ ва аёнитҳо муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар синфхонаҳои машғулиятгузаронӣ бо мақсади ташаккулу инкишофи зеҳнии кӯдакон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, шароиту имкониятҳои мусоид мавҷуд аст. Бинои кӯдакистон бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст буда, ҳуҷраҳои зарурӣ бо оби гарм таъмин мебошад.
Дар муассиса раванди таълим ва машғулиятҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, барои бедор сохтани завқи эстетикии дӯстрӯякон, толори мусиқӣ низ фаъолият менамояд.
Зимни боздид аз шароити кӯдакистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомшуда ва имкониятҳои фароҳамгардида баҳои баланд дода, ба соҳибкорони меҳандӯсти ноҳия барои пайравӣ ба сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Саҳни бинои Муассисаи томактабии «Ворисон» бо дарахтон ва гулу буттаҳои ороишию ҳамешасабз ороста буда, даромадгоҳи он бо пештоқи ҷолибу назаррабо, ки аз ҷониби меъморон бо завқу салиқаи баланде ороиш ёфтааст, барои бедор сохтани ҳисси зебоиписандии дӯстрӯякон муассир аст. Ҳамзамон дар саҳни бино ду айвончаи тобистона барои гузаронидани машғулиятҳои тарбиятгирандагон сохта шудааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо омӯзгорону масъулин, онҳоро барои ба роҳ мондани таълими босифат, ташаккули шахсият, омӯзиши донишҳои муосир ба хонандагон, тарбияи кӯдакон дар рўҳияи ватандӯстӣ ва аз хурдӣ ҷой додани эҳтирому садоқат ба обу хоки аҷдодӣ дар қалби кӯчаки онҳо, дастуру хидоятҳо доданд.









Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ шукуҳманд таҷлил карда шуд
Рӯзи фарҳанги шаҳри Нораку ноҳияи Ёвон бо намоиши молу маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Норак барои кӯдакон муассисаҳои томактабӣ сохта мешаванд
КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар даромадгоҳи шаҳри Хоруғ дарвозаи нави замонавӣ бунёд карда мешавад
Дар ноҳияи Айнӣ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ба истифода дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. То ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 1400 иншоот ба истифода дода мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони се ширкати калонтарини металлургии Чин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот зимни боздид аз сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент дар шаҳри Истаравшан ва истеҳсоли оҳак дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷараёни сохтмони корхонаи металлургии ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд марҳилаи дуюми ҶДММ «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд






