Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ Селесте Сауло мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 23.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ хонум Селесте Сауло мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди байналмилалӣ ва рӯзномаи глобалии обу иқлими Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар доираи “Раванди оби Душанбе” ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки “дар ин замина, мо ба ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ, ки чандин даҳсолаҳо идома дорад, аҳамияти хос медиҳем”.
Нақшаи дар соли 2025 баргузор шудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи ҳифзи пиряхҳо намунаи ин ҳамкорӣ номида шуд.
Ба масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, селу обхезӣ, фаромадани ярчу тарма, таъсири манфии офатҳои табиӣ ба иқтисоди кишварҳо, дигар паёмадҳои фалокатбор ва пешгирии онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Таҳкими минбаъдаи иқтидори техникии Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони он ва омода кардани мутахассисони ҷавон, махсусан дар соҳаи обуҳавосанҷӣ, иқлимшиносӣ ва гидрология, самти муҳиму судманди ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ арзёбӣ шуд.
Ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.









Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд






