Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ Ҷанг Вон Самро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 06.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (КОИКА) Ҷанг Вон Самро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Кореяро шарики боэътимоди Тоҷикистон дар Осиёи Шарқӣ ва КОИКА-ро ниҳоди муҳими тақвияти ин шарикӣ номиданд.
29% афзоиш ёфтани ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар 7 моҳи соли равон тамоюле номида шуд, ки арзандаи дастгирӣ аст.
Зимни суҳбат ҳамкорӣ дар татбиқи тарҳҳои мухталиф, аз ҷумла, дар самти энергетика, нақлиёт, саноат, соҳибкории хурду миёна, рақамикунонӣ, идоракунии давлатӣ ва рушди инсонӣ баррасӣ шуд.
Ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва идораи об, ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва таъмини рушди устувор низ самарабахш арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин доир ба масоили мубрами ҳамкории дуҷониба, аз қабили тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, афзоиши тавлиди “энергияи сабз”, рушди “иқтисоди сабз”, ташкили “технопаркҳо”, ҷорӣ намудани “технологияҳои рақамӣ” ва тавсеаи “тиҷорати электронӣ” табодули андеша сурат гирифт.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар






