Рӯзи дониш рамзи арҷгузорӣ ба илм, хирад ва маърифатпарварӣ мебошад

Сентябрь 2, 2024 10:22

ДУШАНБЕ, 02.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷамъомади идона доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ иттилоъ доданд.

Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода аз суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш, ки 1 сентябр зимни ифтитоҳи бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти умумии рақами 19-и шаҳри Душанбе, ки яке аз калонтарин муассисаҳои таълимӣ дар пойтахти мамлакат ба шумор рафта, дар он беҳтарин шароити илму донишомӯзӣ муҳайё карда шудааст,  чунин иқтибос овард:

«Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар оғози соли таҳсил таҷлил намудани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти низоми маорифи мамлакат ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст. Якуми сентябри ҳар сол садҳо ҳазор кӯдакони хушбахти замони истиқлол аввалин маротиба ба остонаи муассисаҳои таълимӣ қадам мегузоранд ва ба омӯзиши саводу дониш, одобу ахлоқ ва илму маърифат оғоз менамоянд.

Ин лаҳзаҳо барои тамоми хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва аҳли илму маорифи мамлакат, бахусус 250 ҳазор кӯдаконе, ки имрӯз дар фазои истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва умеду орзуҳои зиёд ба муассисаҳои таълимӣ қадами нахустин гузоштаанд, хотирмону фараҳбахш мебошанд».

Дар ҳамоиши идона иброз гардид, ки  имсол Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар фазои бошукуҳи идонаи таҷлили некутарин ва муқаддастарин ҷашни миллӣ ва давлатӣ- 33-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил мешавад.

Ҳамасола бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудани Рӯзи дониш рамзи арҷгузорӣ ба илму дониш маҳсуб шуда, ин падидаи нек ба сӯи хираду маърифатпарварӣ ҳидоят менамояд.

Дар хатми ҳамоиш  ба донишҷӯёни соли аввал, ки соҳиби холҳои баландтарини Маркази миллии тестӣ гардида, ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дохил шудаанд, Сипоснома тақдим гардид.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Сентябрь 2, 2024 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид