Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Сеул таҷлил карда шуд

Сентябрь 30, 2024 14:27

ДУШАНБЕ, 30.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр дар шаҳри Сеул бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

Дар чорабинӣ сафирони давлатҳои Осиёи Марказӣ, намояндагони мақомоти давлатии Корея, воситаҳои ахбори оммаи кишвари иқомат ва донишҷӯёну ҳамватанон иштирок намуданд.

Дар чаҳорчӯби он Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Корея ва муаррифии китоби «Олами гулдӯзии тоҷикон», ки бо ибтикори Сафорат ба чоп расид, доир шуд.

Дар форум донишҷӯёни фаъол оид ба ҳадафҳои стратегӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон маъруза намуданд

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Сентябрь 30, 2024 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд