Роҳбарони Бюрои миллии марказии Интерполи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вохӯрӣ намуданд

Сентябрь 17, 2024 17:19

ДУШАНБЕ, 17.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия вохӯрии роҳбарони Бюрои миллии марказии Интерполи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ иштирокчиён оид ба тақвияти имконияти полиси байналмилалӣ дар самти ҷустуҷӯи байналмилалӣ, мубориза бар зидди ҷиноятҳои кибернетикӣ ва дигар масъалаҳое, ки ба фаъолияти кори ин созмон тааллуқ доранд, ибрози андеша намуданд.

Дар кори ҳамоиш роҳбарони Бюрои миллии марказии Интерполи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона ва дигар намуди ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар шахсони расмӣ иштирок доранд.

Ёдовар мешавем, ки вохӯрии роҳбарони Бюрои миллии марказии Интерполи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 16 то 19 сентябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор мегардад. Дар ин ҳамоиш аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Бюрои миллии марказии «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳриёр Назризода ва намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона ва дигар намуди ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Файзалӣ Шарифзода иштирок доранд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 17, 2024 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид