Роҳҳои мошингарди шаҳри Кӯлоб таҷдиду навсозӣ мегарданд

Сентябрь 26, 2024 09:18

КӮЛОБ, 26.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Роҳҳои мошингарди шаҳри Кӯлоб таҷдиду навсозӣ мегарданд.

Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, Корхонаи воҳиди давлатии таъмиру барқарорсозии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Кӯлоб таъмири асосии роҳҳои дохили шаҳрро оғоз кардааст.

Ба иттилои роҳсозон, давоми солҳои охир дар натиҷаи боронҳои сел ва дигар сабабҳо баъзе мавзеъҳои роҳи хиёбони Исмоили Сомонӣ, Сангак Сафаров ва кӯчаи ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев таъмирталаб гардидаанд. Бо истифода аз техникаҳои муосири роҳсозӣ ва мутахассисони соҳа бо дастрасӣ ба масолеҳи хушсифати сохтмонӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Худоёр Назаров, кӯчаи ба номи Сангак Сафаров ва кӯчаи Пушкин роҳҳои мошингард таъмир мешаванд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба таъмиру барқарорсозии роҳҳо аҳамияти хосса зоҳир намуда, давоми ду соли охир дар маҳаллаҳои Ҷомӣ, Пашшадара, ҷамоатҳои деҳот ва маҳаллаҳои навбунёд аз ҳисоби маблағҳои мақомот ва ҷалби соҳибкорон роҳҳои маҳаллӣ ҷавобгӯ ба меъёрҳои роҳсозӣ мумфарш шуданд. Инчунин барои аз байн бурдани танбашавии нақлиёт дар хиёбони марказии шаҳр роҳи алтернативӣ бунёд шуд, ки равуои мошинҳоро дар ин масир осон гардонид.

Давоми як ҳафтаи дигар қитъаҳои таъмирталаби хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Худоёр Назаров, Пушкин ва Сангак Сафаров пурра аз таъмир бароварда мешаванд.

Дар шаҳри Кӯлоб роҳҳои мошингарди чандин маҳаллаҳо таъмирталаб буданд, ки аз таъмири асосӣ бароварда шуда, асфалпӯш карда шуданд. Ин нишони он аст, ки рӯз аз рӯз кӯчаҳои шаҳр ободу зебо гардида, симои шаҳрро дигаргун менамоянд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза мегиранд. Дар айни замон дар маркази шаҳр сохтмони иншооти баландошёнаи истиқоматӣ идома дорад, ки дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли  давлатӣ аксари онҳо ба истифода дода мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 26, 2024 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд