Роҳҳои мошингарди шаҳри Кӯлоб таҷдиду навсозӣ мегарданд
КӮЛОБ, 26.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Роҳҳои мошингарди шаҳри Кӯлоб таҷдиду навсозӣ мегарданд.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, Корхонаи воҳиди давлатии таъмиру барқарорсозии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Кӯлоб таъмири асосии роҳҳои дохили шаҳрро оғоз кардааст.
Ба иттилои роҳсозон, давоми солҳои охир дар натиҷаи боронҳои сел ва дигар сабабҳо баъзе мавзеъҳои роҳи хиёбони Исмоили Сомонӣ, Сангак Сафаров ва кӯчаи ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев таъмирталаб гардидаанд. Бо истифода аз техникаҳои муосири роҳсозӣ ва мутахассисони соҳа бо дастрасӣ ба масолеҳи хушсифати сохтмонӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Худоёр Назаров, кӯчаи ба номи Сангак Сафаров ва кӯчаи Пушкин роҳҳои мошингард таъмир мешаванд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба таъмиру барқарорсозии роҳҳо аҳамияти хосса зоҳир намуда, давоми ду соли охир дар маҳаллаҳои Ҷомӣ, Пашшадара, ҷамоатҳои деҳот ва маҳаллаҳои навбунёд аз ҳисоби маблағҳои мақомот ва ҷалби соҳибкорон роҳҳои маҳаллӣ ҷавобгӯ ба меъёрҳои роҳсозӣ мумфарш шуданд. Инчунин барои аз байн бурдани танбашавии нақлиёт дар хиёбони марказии шаҳр роҳи алтернативӣ бунёд шуд, ки равуои мошинҳоро дар ин масир осон гардонид.
Давоми як ҳафтаи дигар қитъаҳои таъмирталаби хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Худоёр Назаров, Пушкин ва Сангак Сафаров пурра аз таъмир бароварда мешаванд.
Дар шаҳри Кӯлоб роҳҳои мошингарди чандин маҳаллаҳо таъмирталаб буданд, ки аз таъмири асосӣ бароварда шуда, асфалпӯш карда шуданд. Ин нишони он аст, ки рӯз аз рӯз кӯчаҳои шаҳр ободу зебо гардида, симои шаҳрро дигаргун менамоянд.
Бояд гуфт, ки бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза мегиранд. Дар айни замон дар маркази шаҳр сохтмони иншооти баландошёнаи истиқоматӣ идома дорад, ки дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аксари онҳо ба истифода дода мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






