САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Имрӯз зани тоҷик вазир, сафир ва хеле кабир аст

Сентябрь 5, 2024 07:30

ДУШАНБЕ, 05.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Дар ҳама иқдом ва дастовардҳои таърихӣ хизмати занону модарон, ки ақлу хирадашон таҷассуми маънавиёти гаронбаҳои халқи куҳанбунёди мо мебошад, басе бузург аст». Воқеан, ин суханони ноб ва пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди занону духтарони Тоҷикистони соҳибистиқлол аз он дарак медиҳад, ки дар рушд ва пешравии давлати азизи мо мақому манзалати занон давоми 33 соли Истиқлоли давлатӣ муҳим ва калидӣ маҳсуб шуда, хизмати назарраси онҳо бо дастовардҳои ин давра тавъам мебошад. Чунин нигоштааст вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҷибахон Ҷавҳарӣ дар мақолааш, ки онро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

-Сарвари мамлакат дар ақлу заковати модарони тоҷик таҷассуми маънавиёти пурарзиши миллати ориёиро мебинанд. Зеро вақте таърихи пурғановати миллатамонро варақ мезанем, дар мудирият ва роҳбариву давлатдорӣ чеҳраҳои занони далеру донишманд, матиниродаву меҳанпарастро мушоҳида менамоем, ки ҳар яке дар омӯзиш ва пайравӣ сабақи бузурге доранд. Масалан, Ютаб-сипаҳсолори номдори артиши шоҳаншоҳ Доро, ки дар набард бо Искандар ҳамосаҳое анҷом додааст ва дар таърих бо  номи «роҳбандии артиши Искандар» маъруф аст. Косондон- ҳамсар ва мушовири Куруши бузург, ки дар он давра нақши муҳим дар идораи давлат дошт. Дертар, дар ҷодаи адабиёт Робия ва Нигина чун шоирони мумтоз дар замони давлати Сомониён зиндагӣ ва фаъолият кардаанд. Симоҳои занони таъсиргузори миллати ориёиро дар образи Гурдофарид Фирдавсии бузург дар «Шоҳнома» таҷассум намудааст.

Бо суқути давлатдории тоҷикон дар саҳифаҳои таърих дар даврони дигар сулолаҳои аҷнабӣ чеҳраҳои занони муборизу муваффақи тоҷикро амиқ наметавон ёфт.

Дар замони тосоҳибистиқлолӣ як зумра занони тоҷик бо маҳорат ва қобилияти хосса, ки дар он маънавиёти гузаштагони мо инъикос меёфт, ба арсаи сиёсат баромада, дар бунёд ва тарғиби идеологияи давлати собиқ саҳм гузоштанд.

Дар тамоми давру замон модари тоҷик рисолати азалии хеш, тарбия намудани фарзанди хубро адо намудааст. Намунаи беҳтарини модарон: Ситорабону-модари мутафаккири оламшумул Сино, Розия Озод-модари Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров, Бибӣ Марям-модари Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки ҳар яке дар тақдири миллат таҳаввулоти беназир анҷом додаанд.

Имрӯз ба ҷойгоҳи зани тоҷик менигарем, ки куллан аз тамоми марҳилаҳои таърихӣ фарқ мекунад ва он басе шоиста ва рамзӣ аст. Зани тоҷик имрӯз вазир аст, сафир аст ва хеле кабир аст, зеро ҳайсияти ӯ дар мактаби Эъморгари давлати навин, Сарвари   мамлакат тарбия ёфтааст ва занони мо ба сифати  бонуи улгу муҳтарам Озода Раҳмонро пайравӣ карда метавонанд, ки аз ҷиҳати мудирият, фарҳехтагиву хоксорӣ ва босалиқа будан дар ҷумҳурӣ ва берун аз он эҳтиром ва эътибор доранд.

Сарчашмаи ин ҳама накӯфолӣ аз Истиқлоли давлатӣ маншаъ мегирад. Ҳарчанд солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои мардуми Тоҷикистон хеле ваҳим ва басе сангин буд ва касе аз қисмати минбаъдаи худ ва кишвараш фоли неке кушода наметавонист, оташи ҷанги бародаркуш забона мезад ва дар ҳамин асно баргузории Иҷлосияи 16 Шурои Олӣ ва Раиси ин ниҳод интихоб шудани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро аз варта наҷот дод. Аз ҷумла, дар чашмони модарони тоҷик шуълаи умед фурӯзон шуд, онҳо ба ояндаи неки худ ва фарзандонашон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат боварӣ ҳосил намуданд.

Дар бахти ҳумоюнии занону духтарони тоҷик қабули Конститутсия, хосса моддаи 17, ки баробарҳуқуқии мардону занонро кафолат медиҳад, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» ва дигар санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ саҳми вижа доранд.

Маҳз тадбирҳои бесобиқаи Пешвои миллат мебошанд, ки нақши занону духтарон дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар мамлакати мо хеле шоиста аст ва он дар омори соли 2023  20 фоизро ташкил медиҳад. 46,6 фоизи курсиҳои донишгоҳҳоро донишҷӯдухтарон ишғол намудаанд.

Агар ин оморро мо бо дигар давлатҳои хос, ки расму одатҳо ва суннатҳоямон ба ҳам тавъаманд, муқоиса намоем, ҷойгоҳи Тоҷикистон ва мизони иштироки занон дар вазифаҳои мудирият хеле арзанда ва афзоянда аст.

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчунон таъкид шуда буд, ки то 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нақши занону духтарон дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар мамлакат ба 25 % мерасад. Тибқи таҳқиқоти соли 2023 оид ба нақши занон дар саросари ҷаҳон ва интишори натиҷаҳои он дар платформаи глобалии омор,  Урдун бо 57 % нақши занон дар мансабҳои роҳбарикунанда дар сатҳи баландтарин ва Покистон бо 6% идораи занон дар сатҳи пасттарин қарор дорад. Мизони иштироки занон дар Туркия 19%, Туркманистон 17%, Ироқ 15%, Арабистони Саудӣ тақрибан 16%, Қазоқистон ва Қатар 14% аст.

Аз ин нишондиҳанда метавон ба хулосае омад, ки Тоҷикистон аз нигоҳи ҳузури занон дар мақомҳои роҳбарӣ нисбат ба кишварҳои минтақа мавқеи болотарро соҳиб аст.

Умед бар он дорем, ки маҳз дар асоси нақши муассири занони роҳбар дар умури идоракунии мамлакат ва иштироки занон дар раванди қабули қонунҳо, иштироки фаъолонаи занон дар масоили иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ рушди давлати маҳбуби мо, саодати зиндагии мардум ва беҳбуди ҳаёти ҷомеа таъмин хоҳад шуд.

АКС аз муаллиф

Сентябрь 5, 2024 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРЗАНДОНРО АЗ ТАҲСИЛ ДУР НАСОЗЕД! Соли 2023 44 000 нафар хонанда баъди хатми синфи 9 таҳсилро дар ягон муассисаи таълимиву касбӣ идома надодаанд
Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат барои муассисаҳои таълимии дар ҳолати садамавӣ қарор дошта биноҳои нав месозанд
Вазорати рушди иқтисод ва савдо барои сари вақт таҳия намудани лоиҳаи Дурнамои нишоҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2028 тадбирҳои зарурӣ меандешад
ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Он ба ҳифзи сайёраи бехатар, осоишта ва устувор равона гардидааст
БЕ МУРАББӢ ЗЕРИ ГАРДУН МУЪТАБАР НАТВОН ШУДАН. Таҳияи қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор» ба баланд гардидани савияи дониши хонандагон мусоидат менамояд
ПЕШНИҲОД БА ХОТИРИ ТАЪМИНИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР ҶАҲОН. Дар ҳошияи ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон дар СММ
«ПЕШАИ ОМӮЗГОРӢ МУҚАДДАСТАРИН КАСБИ РӮИ ОЛАМ АСТ». Иқтибос аз суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ЗАБОН- ВАСИЛАИ МУҲИМИ ШИНОХТИ МИЛЛАТ. Андешаҳо бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ
«БИШНИД ҶАҲОН ЗАБОНИ ТОҶИКИРО…». Эҳдо ба бузургдошти забони тоҷикӣ ва ҳомии он- Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН-ДАВЛАТМЕҲВАРИ ЗАМОН ВА ҲОМИИ СУЛҲИ ҶАҲОН
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин мулоқот намуданд
Забони тоҷикӣ аз ҷиҳати сермаъноии калимаҳо байни забонҳои дунё мақоми аввалро соҳиб аст. Бардошт аз ҳамоиши «Забон ва Истиқлол»