Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз бахшиданд

Сентябрь 19, 2024 09:33

ДУШАНБЕ, 19.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корези ноҳияи Данғара барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ санги асос гузоштанд.

Иқдоми бунёди бинои нави соҳаи маориф, ки  барои 2160 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони ноҳия ва аҳолии деҳоти мазкур рӯйи даст гирифта шудааст.

Зимни муаррифии лоиҳа, иттиллоъ дода шуд, ки иншоот аз 2 ошёна ва 5 бино иборат шуда, аз 36 синфхонаи таълимӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат хоҳад буд.

Аснои шиносоӣ бо лоиҳа, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки корҳои сохтмониро бо сифати баланд иҷро намуда, то моҳи сентябри соли 2026 иншоотро ба истифода диҳанд.

Соҳибкорон ба Пешвои миллат ваъда доданд, ки корҳои сохтмониро бо ҷалби беҳтарин меъморону шаҳрсозон вусъат бахшида, кӯшиш менамоянд, ки бинои нави таълимиро дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Гузоштани санги асоси бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корез 19.09.2024

Сентябрь 19, 2024 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»