Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои сохтмони бинои Маркази ҷавонон санги асос гузоштанд
ДУШАНБЕ, 19.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварда, нахуст бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмони бинои Маркази ҷавонон дар ноҳия оғози расмӣ бахшиданд.
Барои сохтмони бинои 7 ошёнаи марказ бо таҳхона, дар маркази ноҳия 18 садяк замин ҷудо гардидааст.
Зимни муаррифии лоиҳа ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар ошёнаи якуми бинои нав толори маҷлисӣ бо 200 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои кории Маркази ҷавонон, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, иттифоқи ҷавонон ва як толори хурд барои суҳбату вохуриҳо сохта мешавад.
Дар умум шумораи ҳуҷраҳои кории бинои сохташаванда 20 ададро ташкил менамояд, ки оянда дар онҳо шароити муосири корӣ фароҳам хоҳад омад.
Марказҳои омӯзишиву тайёрии касбӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, китобхона, гӯшаи варзишӣ дар ошёнаҳои аз 3 то 5 ва меҳмонхона бошад, дар ошёнаҳои 6-7 ҷой дода мешавад.
Иншооти мазкур дар доираи таваҷҷӯҳу дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон сохта шуда, дар он ба маҳфилҳои «Пайравони Пешвои миллат», «Эҷодкорони ҷавон» ва ризокорон низ ҷой дода мешавад.
Қобили тазаккур аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ маҳз бо таваҷҷуҳу дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 7 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон биноҳои марказҳои ҷавонон аз нав сохта шуда, бо шароити замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Иншооти соҳаи ҷавонон ва варзиш то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо истифода аз масолеҳи баландсифати ватанӣ ва ҷалби бинокорони маҳаллӣ, ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта хоҳад шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо лоиҳаи бинои нави Маркази ҷавонон дар ноҳияи Данғара ба масъулон ва бинокорон барои бо сифат анҷом додани ҳама корҳои бунёдӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.









ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






