Сарвазири Тоҷикистон дар ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ дар вилояти Хатлон иштирок намуд

Сентябрь 2, 2024 21:16

ДУШАНБЕ, 02.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 2 сентябр дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншоот Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар намуд.

Сарвазири мамлакат дар маркази вилояти Хатлон ба истиқболи ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас нишон доданд, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатиро супорид.

Барои фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ 17 корманди соҳаи илму фарҳанг, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ, хизматрасонӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои созандагӣ вусъат дошта, иншооти нави дорои шароити мусоид бунёд ва барои сокинон имконоти созгори зиндагӣ фароҳам оварда мешавад.

Дар ноҳияи Хуросон 3 муассисаи нави таълимӣ ва ошхонаи замонавӣ дар назди мактаби рақами 20 ба истифода дода шуд, ки минбаъд омӯзгорону хонандагон аз муассисаҳои дорои шароити мусоид самаранок истифода хоҳанд кард.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 ва мактаби рақами 1 дар маркази ноҳия аз ҷониби гурӯҳи татбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна бо сифати баланд сохта шуда, барои 960 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Ҳар ду мактаб аз ду ошёна, 20 синфхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошанд.

Мактаби рақами 32 дар деҳаи Имоми Аъзами ноҳияи Хуросон бо саҳми сокинон ва соҳибкорони деҳа сохта шуда, аз 11 синфхона иборат мебошад ва барои 240 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.

Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва саҳми соҳибкорону сокинон минбаъд чунин муассисаҳои муосири таълимӣ ҳамасола бунёд мегарданд ва аз ин шароит хонандагон бояд самаранок истифода намуда, бо аз худ намудани донишҳои замонавӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.

Дар доираи фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон теъдоди корхонаҳои саноатӣ зиёд ва сатҳи таъминот бо маҳсулоти худӣ беҳтар гардонида мешавад.

Дар ноҳияи Ҷайҳун бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи хурди саноатӣ 5 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид. Корхона ба истеҳсоли хишти сабук равона гардида, дар як рӯз имкон дорад то 1000 дона хишти бинокорӣ истеҳсол ва ба мизоҷон пешниҳод гардонад.

Сарвазири мамлакат ҳамзамон бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии «Водии зарин» шинос шуд.

«Водии Заррин» яке аз хоҷагиҳои фаъол дар ноҳияи Ҷайҳун ба ҳисоб рафта, 11 950 гектар заминро дар ихтиёр дорад.

То имрӯз аз тарафи ҶДММ Иттиҳоди аграрии «Водии Заррин» майдони умумии 5700 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст.

Аз 5700 гектар замини ба гардиши кишоварзӣ воридгардида дар майдони 4967 гектар пахта кишт карда шудааст. Айни замон нашъу намои пахта дар ҳолати хуб қарор дошта, дар нақша аст, ки аз ҳар гектар замин ба ҳисоби миёна аз 25 то 30 сентнер ҳосил ба даст оварда шавад. Имрӯз дар хоҷагӣ 400 нафар ба кори доимӣ таъмин буда, дар мавсими кишту кор аз 1500 то 2000 нафар ба кори муваққатӣ таъмин карда мешаванд.

Бинобар сабаби зиёд шудани хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 эҳтиёҷот ба сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи мазкур ба миён омода буд. Соли 2022 сохтмони 8 синфхонаи иловагӣ ва 2 ҳуҷраи корӣ бо 200 ҷойи нишаст дар як баст дар назди муассисаи мазкур оғоз гардида, имрӯз мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ вусъат дода шуда, сифати хизматрасонӣ бо бунёди иншооти муосир беҳтар гардонида мешавад.

Дар ин замина дар маркази ноҳия бо саҳми соҳибкори ватанӣ бинои нави маркази савдо ва меҳмонхона ба истифода дода шуд. Бино аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум маркази савдо ва дар ошёнаи дуюм меҳмонхона бо беҳтарин шароит пешбинӣ шудааст.

Дар доираи корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамзамон бинои нави маъмурии шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Бинои замонавӣ аз 3 ошёна иборат буда, ҳама ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудаанд, ки барои фаъолияти пурсамари кормандони шуъбаи Агентӣ, бахши Хадамоти муҳоҷират ва Филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Панҷ мусоидат менамояд.

Қоҳир Расулзода зимни шиносоӣ бо имконоти фароҳамшуда кормандони соҳаро ба хизмати содиқонаю софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуд.

Бинои нави шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Панҷ аз 10 ҳуҷраи корӣ ва 4 синфхонаи омӯзишӣ, ҳамчунин маҷлисгоҳ бо 20 ҷойи нишаст иборат буда, дорои беҳтарин шароити корию таълимӣ аст.

Минбаъд сокинони ноҳияи Панҷ дар ин синфхонаҳои ҳунаромӯзӣ аз рӯйи ихтисосҳои қаннод, дӯзанда, технологияи компютерӣ, сантехникӣ ва асбобҳои барқӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Сентябрь 2, 2024 21:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ ҳангоми оббозӣ бо хонандагон ва сокинон вохӯриҳо гузаронида шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЧОЙ. Чаро дар садсолаи охир талабот ба он боз ҳам зиёдтар гардид?
Дар Рашт барои дарёфти Ҷоми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мусобиқаи футбол идома дорад
ОГОҲӢ! Аз 21 то 25 май дар Тоҷикистон хатари сар задани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ карда мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои гуногун баррасӣ гардид
МАВСИМИ ОББОЗӢ ФАРО МЕРАСАД. Қоидаҳои шиновариро риоя кунед!
Гиромидошти хотираи неки фарзандони фидокор ва сарсупурдаи миллат ҷузъи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаи томактабӣ бунёд карда мешавад
«МАН ЧӢ ГӮЯМ ВАСФИ ИН ОЛИҶАНОБ…». Андешае дар ҳошияи ташаббуси наҷиби Пешвои миллат оид ба эҳёи хотираи таърихӣ ва бозгашти хоки рамзии фарзандони бузурги тоҷик ба оғӯши Ватан
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Форуми байналмилалии «Занон ва об» баргузор мешавад
Дар шаҳри Кӯлоб маросими супоридани хок аз қабри Николай Томин ба ҳайати Федератсияи Русия баргузор гардид