Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 29.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябри соли 2024 дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба фаъолияти муассири Созмони ҳамкории иқтисодӣ ҷиҳати бунёди низоми боэътимоди нақлиётию коммуникатсионӣ, соддагардонии расмиёти соҳаи тиҷорат, истифодаи самараноки захираҳои меҳнатию табиӣ, ташкили низоми ягонаи энергетикӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ дар таркиби созмон манфиатдор мебошад.
Ҳамзамон Вазири корҳои хориҷӣ доир ба рушди саноати Тоҷикистон, имкониятҳои энергияи барқароршаванда, пешсафии мамлакат дар мусоидат ба ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим сухан гуфта, зарурати талошҳои дастаҷамъона баҳри ҳалли мушкилоти муосир, таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва мусоидат ба рушди устувор дар минтақаи Созмони ҳамкории иқтисодиро махсусан таъкид кард.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар самтҳои иқтисоду тиҷорат баррасӣ гардид






