Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти солонаи Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ дар Ню-Йорк иштирок намуд

Сентябрь 28, 2024 13:57

ДУШАНБЕ, 28.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 сентябри соли 2024 дар ҳошияи иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк,  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти солонаи Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ (LLDC) иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазири корҳои хориҷӣ зимни суханронӣ  аҳамияти таҳкими иқтидори транзитии кишварҳои маҳсур дар хушкӣ, аз ҷумла рушди долонҳои нақлиётӣ ва тиҷоратии минтақавӣ ҷиҳати суръат бахшидан ба раванди ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди устуворро  таъкид кард.

Сироҷиддин Муҳриддин  ҳамчунин ба масъалаҳои энергетика, захираҳои об ва иқлим рӯй оварда, аз Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ даъват намуд, ки аз имкониятҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» истифода намуда, дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (ш. Душанбе, соли 2025) фаъолона иштирок  намоянд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 28, 2024 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

­Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид