ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 сентябр, панҷшанбе, 256-умин рӯзи соли 2024 аст

Сентябрь 12, 2024 08:00

12 сентябри соли  2011 дар шаҳри Душанбе Форуми дуюми байналмилалии самаранокии неруи барқ баргузор гардид.

***

12 сентябри соли 2013 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон созишномаи байниҳукуматӣ доир ба кашидани лӯлаи интиқоли гази табиӣ аз Туркманистон ба Чин аз тариқи қаламрави Тоҷикистон ба имзо расид.

***

12 сентябри соли 2013 дар шаҳри Бишкек Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду мамлакатро баррасӣ намуданд.

***

10 сол пеш, 12 сентябри соли 2014 дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти зиддитеррористӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо давлатҳои нозир, тартиби қабули аъзои нав ба созмон ва дигар масоили муҳим баррасӣ шуд.

***

12 сентябри соли 2014 Ҳиндустон ва Покистон барои узви  комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай шудан аризаи расмӣ пешниҳод намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар маркази шаҳраки Зафаробод Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки ҳазорон нафар сокинону меҳмонони ноҳия дар вазъияти тантанавӣ аз болои муҷассамаи нахустин бунёдгузори давлати тоҷикон- шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардошта, Парчами миллиро боло бардоштанд.

***

12 сентябри соли 2022 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон хонум Соҳиба Ғаффороваро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ карда шуд.

***

12 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе машваратҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ оид ба омодагӣ ба Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) таҳти раисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуданд.

11 СЕНТЯБР:

Дар Эфиопия – Рӯзи инқилоби миллӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Домуллоҷон Назаров, соли 1918 —мутриб, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Сентябрь 12, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 сентябр, чоршанбе, 255-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 сентябр, сешанбе, 254-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 сентябр, душанбе, 253-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 сентябр, якшанбе, 252-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 сентябр, шанбе, 251-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 сентябр, ҷумъа, 250-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 сентябр, панҷшанбе, 249-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, сешанбе, 247-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, душанбе, 246-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, якшанбе, 245-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, шанбе, 244-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, ҷумъа, 243-юмин рӯзи соли 2024 аст