ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 сентябр, душанбе, 260-умин рӯзи соли 2024 аст

Сентябрь 16, 2024 08:00

16 сентябри соли 2006 дар Тоҷикистон сохтмони Хати интиқоли барқи «Ҷануб — Шимол» оғоз гардид.

***

17 сол пеш, 16 сентябри соли  2007 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ҷудочии тоҷик Расул Боқиев дар Чемпионати ҷаҳон мақоми сеюм ба даст оварда, ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 ба шаҳри Пекин роҳхат гирифт.

***

16 сентябри соли 2010 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷдиди сохторию идории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд.

***

13 сол қабл, 16 сентябри соли 2011  бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 – солагии таъсиси Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд.

***

16 сентябри соли 2015 дар «Кохи Наврӯз» — и шаҳри Душанбе Фестивали 5-уми байналмилалии телевизионии «ТЭФИ-Содружество» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар қароргоҳи ҳукуматии Ала-Арчаи Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд, суханронӣ намуданд.

***

16 сентябри соли 2021 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкарро, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаҳои барои ҳарду ҷониб судманди сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, сармоягузорӣ, низомӣ ва дигар арсаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

16 сентябри соли 2023 байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи шарқии Қазоқистон ба номи С. Амонжолова Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

16 СЕНТЯБР:

Рӯзи байналмилалии ҳимояи қабати озон.

***

Дар Мексика – Рӯзи истиқлолият.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Собит Неъматуллоев, 1937 — олим, доктори илмҳои техникӣ, профессор, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1988—1995), Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон.

Сентябрь 16, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 октябр, сешанбе, 282-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 октябр, душанбе, 281-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, якшанбе, 280-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, шанбе, 279-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, ҷумъа, 278-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, панҷшанбе, 277-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, чоршанбе, 276-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, сешанбе, 275-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, душанбе, 274-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, якшанбе, 273-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, шанбе, 272-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, ҷумъа, 271-умин рӯзи соли 2024 аст