ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, панҷшанбе, 270-умин рӯзи соли 2024 аст

Сентябрь 26, 2024 08:00

26 сентябри соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид.

***

16 сол пеш, 26 сентябри соли 2008 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаи умумии Иҷлосияи 63-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуданд.

***

26 сентябри соли 2011 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон Ҷоми ҷаҳон оид ба дзюдо баргузор гардид, ки варзишгари тоҷик Расул Боқиев дар вазни 73 кг барандаи ин ҷом шуд.

***

26 сентябри соли 2011 вакилони Парлумони Британияи Кабир ва ҷамъияти соҳибкорони Тоҷикистон масоили ҳамкориро баррасӣ намуданд.

***

11 сол пеш, 26 сентябри соли 2013 дар «Наврӯзгоҳ»- и пойтахт барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мусобиқаи байналмилалии ҷудо баргузор шуд.

***

Соли 2013 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки варзишгардухтари тоҷик аз шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд Муниса Адилматова дар вазни 68 кг дар мусобиқаи варзишии байналмилалӣ байни иштирокдорони аз 18-сола боло медали тилло ва Ҷоми ҷаҳон оид ба каратэ-доро соҳиб шуд.

***

26 сентябри соли 2020 Театри давлатии драмаи  мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом нахустнамоиши спектакли «Бозичаҳо»-ро тариқи онлайн дар саҳифаи театр дар шабакаи иҷтимоии  «You tube» доир намуд.

***

26 сентябри соли 2023 варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу -2022 аз намуди гӯштини ҷудо соҳиби медали нуқра гардид.

26 СЕНТЯБР:

Рӯзи байналмилалии мубориза барои пурра нобуд намудани яроқи ядроӣ.

***

Рӯзи забонҳои аврупоӣ.

***

Дар Эквадор – Рӯзи парчами миллӣ.

Сентябрь 26, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 сентябр, якшанбе, 257-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 сентябр, шанбе, 256-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 сентябр, ҷумъа, 255-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 сентябр, панҷшанбе, 254-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 сентябр, чоршанбе, 253-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 сентябр, сешанбе, 252-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 сентябр, душанбе, 251-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 сентябр, якшанбе, 250-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 сентябр, шанбе, 249-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 сентябр, ҷумъа, 248-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 сентябр, панҷшанбе, 247-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, чоршанбе, 246-умин рӯзи соли 2025 аст