ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, душанбе, 274-умин рӯзи соли 2024 аст

Сентябрь 30, 2024 08:00

30 сентябри соли 2004 дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи танзими ҷараёни таҳия ва интишори иттилооти расмӣ Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» — и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси бунгоҳҳои хабарнигории худ дар кишварҳои хориҷӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд.

***

30 сентябри соли 2010 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои генералии шаҳри Хуҷанд ва шаҳраки Сомониён — маркази ноҳияи Рӯдакиро тасдиқ намуд.

***

12 сол қабл, 30 сентябри соли 2012 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии ниҳоии Ҷоми Президенти Конфедератсияи футболи Осиё – 2012 байни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Аммарӣ»-и Фаластин баргузор гардид. Бозӣ бо иштирок ва дастгирии беш аз 19 ҳазор мухлиси футбол ҷараён гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон анҷом ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди «Аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола то Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором» суханронӣ намуданд.

***

30 сентябри соли 2016 лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардид.

***

30 сентябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати  муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон-Раиси Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҷаласаи дувоздаҳуми Шуро оид ба шарикии давлат  ва бахши хусусӣ доир гардид.

***

30 сентябри соли 2023 варзишгари тоҷик Хайрандеш Муродзода дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 аз гӯштини кураш медали биринҷӣ ба даст овард.

30 СЕНТЯБР:

Дар Тоҷикистон – Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

***

Рӯзи байналмилалии тарҷумонҳо.

***

Дар Қазоқистон- Рӯзи кормандони мақомоти адлия.

Сентябрь 30, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, якшанбе, 273-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, шанбе, 272-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, ҷумъа, 271-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, панҷшанбе, 270-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, чоршанбе, 269-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, сешанбе, 268-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, душанбе, 267-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, якшанбе, 266-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 сентябр, шанбе, 265-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, ҷумъа, 264-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 сентябр, панҷшанбе, 263-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 сентябр, чоршанбе, 262-юмин рӯзи соли 2024 аст