ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 сентябр, панҷшанбе, 249-умин рӯзи соли 2024 аст
Дар ин рӯзи соли 1941 дар шаҳри Хоруғ Осорхонаи вилоятии таърихӣ-кишваршиносӣ таъсис ёфт.
***
18 сол пеш аз ин, 5 сентябри соли 2006 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия бахшида ба 15-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «Тоҷикистон-қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ» нашр шуд.
***
5 сентябри соли 2011 агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ба истифода дода шуд.
***
5 сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: донишманд ва мутафаккири Шарқ» ва Намоишгоҳи V байналмилалии китоб, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир гардид, суханронӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС дар ҳошияи Ҳамоиши БРИКС сухан гуфтанд.
***
5 сентябри соли 2017 дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври сеюми Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 бар дастаи мунтахаби футболи Непал бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.
***
Соли 2018 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт дар маросими ифтитоҳи аввалин эстакада дар Тоҷикистон иштирок намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 дар шаҳри Уштобеи Ҷумҳурии Қазоқистон Ҷоми ҷаҳони Казахкуреш баргузор гардид, ки паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқаи сатҳи баланд соҳиби се медал гардиданд.
5 СЕНТЯБР:
Рӯзи байналмилалии миннатдорӣ.
***
Дар Ҳиндустон – Рӯзи муаллим.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Ҳалима Алибоева- соли 1958 — актрисаи балет, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.