«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар доираи ташаббуси экологӣ соҳилҳои Ҳафткӯл тоза карда шуд
ДУШАНБЕ, 10.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент ташаббуси экологии «Тозагии соҳил» ва ҳашари дастҷамъона баргузор гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар», ки дар ин иқдом иштирок дошт, иттилоъ медиҳад, ки ташаббуси экологии «Тозагии соҳил» ва ҳашари дастҷамъона бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Эко-ниммарафони байналмилалии кӯҳӣ гузаронида шуда, дар он беш аз 350 варзишгар ва кормандони гуногункасб фаъолона иштирок намуданд.
Дар доираи ташаббуси экологии «Тозагии соҳил» ва ҳашари дастҷамъона соҳилҳои «Ҳафткӯл» аз партов ва ифлосиҳо тоза гардиданд. Ин тадбири экологӣ ба беҳбуд бахшидан ба вазъи экологии маҳалҳо ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ дар мавзеи «Ҳафткӯл» мусоидат менамояд.
Тавре муовини сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент Абдувоҳид Муъминзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, «бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани соҳилҳои Ҳафткӯл дар даромадгоҳи ҳар кӯл шиору овезаҳо насб амалӣ гардиданд. Тавассути ин шиору овезаҳо шаҳрвандон –сайёҳон ва нафароне, ки барои истироҳат ба ин мавзеъ меоянд, даъват карда мешаванд, ки табиатро ҳифз намоянд ва ба кӯл партов напартоянд».
Имсол дар шаҳри Панҷакент 18 маротиба ташаббуси «Тозагии соҳил», 19 маротиба «Тозагии маҳал» ва 22 маротиба «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуд. Тавассути онҳо беш аз 180 метри мукааб партовҳои истеъмолӣ ва истеҳсолӣ, ки дар шафати соҳилҳо, маҳалҳо ва роҳу шоҳроҳҳо ба таври ғайрирасмӣ ҷойгир гардида буданд, ба партовгоҳи расмии шаҳр интиқол дода шуданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
Душанбе-Ҳафткӯл-Душанбе
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






