Ҳунармандони тоҷик соҳиби дипломи Фестивали байналмилалии атлас ва адрас дар Марғелон гардиданд
ДУШАНБЕ, 25.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунармандон, чеварон ва тарроҳони вилояти Суғди Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии атлас ва адрас, ки бо ташаббуси Созмони байналмилалии ЮНЕСКО ва ҳокимияти вилояти Фарғона дар шаҳри Марғелони Узбекистон баргузор гардид, иштирок намуда, бо дипломи Фестивал сарфароз гардонида шуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад, ки дар Фестивали байналмилалии атлас ва адрас ҳунармандон, чеварон ва тарроҳони беш аз 30 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок карда, либосҳои миллиро ба намоиш гузоштанд.
Ҳунармандон, чеварон ва тарроҳони вилояти Суғд дар се гӯшаи калони фестивал либосҳои адрасу атласро ба намоиш гузоштанд.
Дар намоиши мӯд низ либосҳои миллии тоҷикӣ таваҷҷуҳи тамошобинонро бештар ҷалб намуд. Тарроҳон ва ҳунармандони тоҷик сазовори дипломи Фестивали байналмилалии атласу адрас гардиданд.
Дар Фестивали байналмилалии атласу адрас Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода сухан намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон








Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






