Ҳунармандони тоҷик соҳиби дипломи Фестивали байналмилалии атлас ва адрас дар Марғелон гардиданд

Сентябрь 25, 2024 13:27

ДУШАНБЕ, 25.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунармандон, чеварон ва тарроҳони вилояти Суғди Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии атлас ва адрас, ки бо ташаббуси Созмони байналмилалии ЮНЕСКО ва ҳокимияти вилояти Фарғона дар шаҳри Марғелони Узбекистон баргузор гардид,  иштирок намуда, бо дипломи Фестивал сарфароз гардонида шуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад, ки  дар Фестивали байналмилалии атлас ва адрас ҳунармандон, чеварон ва тарроҳони беш аз 30 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок карда, либосҳои миллиро ба намоиш гузоштанд.

Ҳунармандон, чеварон ва тарроҳони вилояти Суғд дар се гӯшаи калони фестивал либосҳои адрасу атласро ба намоиш гузоштанд.

Дар намоиши мӯд низ либосҳои миллии тоҷикӣ таваҷҷуҳи тамошобинонро бештар ҷалб намуд. Тарроҳон ва ҳунармандони тоҷик сазовори дипломи Фестивали байналмилалии атласу адрас гардиданд.

Дар Фестивали байналмилалии атласу адрас Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода сухан намуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон

Сентябрь 25, 2024 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт