Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар конфронси сатҳи баланд дар Рим сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 13.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар шаҳри Рими Италия дар конфронси сатҳи баланд вобаста ба мавзуи «Нақши Омбудсмен ҳамчун ҳомии ҳуқуқи инсон» сухан гуфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти ин мақомот хабар медиҳад.
Дар ҳошияи конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ дар шаҳри Рими Италия Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Сардори раёсати муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Италия Андреа Беккарини, роҳбари департаменти имконияти баробари Шурои вазирони Италия Елена Паллони, Президенти Кумитаи байниидоравӣ оид ба ҳуқуқи инсони назди Вазорати корҳои хориҷии Италия Сабрина Уголинӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Италия Марино Фарделли, Ваколатдор оид ба ҳимоя аз табъизи Ҷумҳурии Булғористон Анна Ҷумалиева ва дигар ҳамтоён мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод.
Зимни вохӯриҳо Умед Бобозода оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, алалхусус дар мавриди қабули санадҳои муҳими самти ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2038, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз» сухан гуфт.
Ҳамзамон оид ба масъалаҳои рӯзмарраи самти ҳуқуқи инсон табодули афкор доир шуд.
Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои гуногуни Италия барои ба роҳ мондани ҳамкории минбаъда ба мувофиқа расиданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






