Вобаста ба ҷалби бештари ҷавонписарони солим ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷамъомад доир гардид

Сентябрь 24, 2024 11:37

ДУШАНБЕ, 24.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи чорабиниҳои пешаздаъватӣ ва бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари ҷавонписарони солиму бардам ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин вазорат хабар доданд.

Дар ҷамъомад Вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо доир ба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар карда, даъвати баҳории соли равон ва дар маҷмуъ чорабиниҳои даъватии соли 2023-ро мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор дод.

Изҳор шуд, ки дар баробари комёбиву пешравиҳои назаррас ҳанӯз ҳам дар фаъолияти баъзе комиссияҳои даъватӣ камбудиҳо ба чашм мерасанд, ки ин боиси нигаронӣ мебошад.

Барои бартараф намудани ҳама гуна монеаву мушкилоти ҷойдошта супориш дода шуд, ки масъулини комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои сифатан хуб ташкил намудани чорабиниҳои даъватӣ, пеш аз ҳама, бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, аҳли ҷомеа ва мардум, ҷавонписарони синни даъватӣ, волидони онҳо, мақомоти вобастаи даъват ва дигар афроди некбини ҷомеаи имрӯза ҳамкориву ҳамоҳангиро ҳамаҷониба таҳким бахшида, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар чорабиниҳои ташвиқотиву тарғиботиро дар байни аҳолӣ ба таври густурда амалӣ намоянд.

Вазири мудофиаи Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз муроҷиати шаҳрвандон таъкид намуд, ки дар ҳама комиссариатҳои ҳарбӣ ба муроҷиати мардум, ки ба масъалаи даъват дар самти комиссариатҳои ҳарбӣ вобастагӣ доранд, диққати ҷиддӣ равона карда, дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда барои ҳалли мушкилоти шаҳрвандон сари вақт чора бинанд.

Тартиби бақайдгирии дурусти шаҳрвандон, омӯзиши шахсияти даъватшавандагон, ба талабот ҷавобгӯ гардонидани нуқтаҳои даъват, интихобу ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ фиристодани ҷавонони солиму бардам ва болаёқат, пешгирии роҳҳои ғайриқонунии даъват, бо ҷалби қувваҳои эҳтиётӣ ташкил намудани ҷамъомаду машғулияти нақшавӣ, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дақиқ муайян кардани шумораи захираҳои сафарбарӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳама гуна қонуншиканиҳо, бахусус ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва диққати аввалиндараҷа равон кардан ба сатҳу сифати даъвати ҷавонписарон масъалаҳои муҳиму баррасишавандаи ҷамъомад буданд.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Сентябрь 24, 2024 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд