«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон таҳти ин унвон озмун эълон менамояд

Сентябрь 16, 2024 11:07

ДУШАНБЕ, 16.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ» — таҳти ин унвон раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода» Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро эълон менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.

Озмун дар партави дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ гузаронида мешавад.

Ҳадафи асосии озмун татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат баҳри  омӯзиш ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, рушди малакаи забономӯзӣ ва истифодаи он дар иқтисодиёти давлат, дарёфти донишҷӯёни лаёқатманд ва ҷалби онҳо ба корҳои тарҷумонӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад.

Озмун аз рӯйи 4 равия- забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва чинӣ дар ду давра гузаронида мешавад.

Даври якуми озмун дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ моҳи сентябр баргузор мегардад. Аз ин давр танҳо 1-нафарӣ ғолиб аз ҳар равия тибқи ҷадвали замимашуда то 25 сентябр барои иштирок дар даври дуюм пешниҳод мешавад.

Даври дуюм ва ниҳоии озмун 1 октябри соли равон дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон баргузор мегардад.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 16, 2024 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон синфхонаи замонавӣ барои донишҷӯён ба истифода дода шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Муҳаққиқи ҷавони тоҷик Омина Холиқзода дар Чин соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди 12 муассисаи таълимии шаҳри Ваҳдат биною синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор кӯдакон ба синфи якум рафтанд
Аз 1 сентябр донишҷӯёни тоҷик дар Русия метавонанд ҷойи зисти худро тавассути барномаи мобилии «Амина» ба қайд гиранд
Президенти Тоҷикистон: «Падару модарон ба тарбияи фарзандон бояд бо масъулияти баланд муносибат намоянд»
Пешвои миллат дастур доданд, ки сифат ва муҳтавои китобҳои насли нав беҳтар карда шавад
Президенти Тоҷикистон: «Зарур аст дар байни ҷавонону наврасон фарҳанги истифодаи шабакаи интернет баланд бардошта шавад»