«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон таҳти ин унвон озмун эълон менамояд
ДУШАНБЕ, 16.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ» — таҳти ин унвон раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода» Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро эълон менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.
Озмун дар партави дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ гузаронида мешавад.
Ҳадафи асосии озмун татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат баҳри омӯзиш ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, рушди малакаи забономӯзӣ ва истифодаи он дар иқтисодиёти давлат, дарёфти донишҷӯёни лаёқатманд ва ҷалби онҳо ба корҳои тарҷумонӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад.
Озмун аз рӯйи 4 равия- забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва чинӣ дар ду давра гузаронида мешавад.
Даври якуми озмун дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ моҳи сентябр баргузор мегардад. Аз ин давр танҳо 1-нафарӣ ғолиб аз ҳар равия тибқи ҷадвали замимашуда то 25 сентябр барои иштирок дар даври дуюм пешниҳод мешавад.
Даври дуюм ва ниҳоии озмун 1 октябри соли равон дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон баргузор мегардад.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






