Зан-модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оин, анъанаҳо ва либоси миллӣ будааст

Сентябрь 22, 2024 10:53

ДУШАНБЕ, 22.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки давоми қарнҳо зебоиашро гум накардааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳо вобаста ба ҳувияти миллӣ ва дигар арзишҳои миллат суханронӣ намуда, ба занони ҷумҳурӣ чунин муроҷиат намуда буданд: «Мо бояд сидқан, фақат бо забон не, аз сидқи дил Ватанамонро дӯст дорем. Забону фарҳанги худро, анъанаҳои миллии худро дӯст дорем. Сару либосҳои миллиамонро дӯст дорем. Дӯстони азиз, модарону хоҳарони меҳрубон, бинед, чӣ хел рангоранг, чӣ қадар зебоянд либосҳои миллии мо. Бе ҳамин ҳам мардуми ориёитабор, мо – тоҷикон мардуми зебо ҳастем. Лекин либосҳои миллӣ моро боз ҳам зеботар мекунанд. Бас кунед бегонапарастиро!»

Мояи хушнудӣ аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст.

Мо, тоҷикон ҷумҳурии соҳибистиқлол, забону урфу одат ва либоси ба худ хос дорем. Аз ин лиҳоз занону духтарон бояд бо ифтихори баланд онро ба бар кунанд. Рангҳои атлас, ки рангҳои тиру камони баҳориро мемонанд, ифодагари тинҷиву осоиштагӣ мебошанд.

Ҳанӯз аз замонҳои қадим матоъҳои атласу адрас қимати баланд доштанду шоҳону сарватмандон ба ҳомиёну сарлашкарони худ ба нишони иззату икром пероҳанҳои зарбофти аз ҳамин матоъҳо омодашуда тақдим менамуданд.

Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба шумор мерафт. Яке аз нишонаҳои асосӣ ва муаррифи фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳо аст. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман симои занони тоҷик бо сару либоси хосса пеши назар меояд. Сеҳру ҷаззобияти атласу адраси Суғд, гулбасту чакани Хатлон, гулдӯзиҳои нотакрори минтақаи Рашт, алочаву шоҳии водии Ҳисор, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ ва ҷӯробҳои Бадахшон ҳар нафарро ҳангоми диданаш мафтун мекунад. Либоси миллии мо маҳз бо ҳамин рангу ҷило на танҳо дар мамлакат, балки дар ҷаҳон низ муаррифӣ гардидааст.

Мутаассифона, як муддат байни ҷавонони мо тақлид ба фарҳанги бегона бо роҳи пӯшидани пироҳани кӯтоҳи ба тан часпида, доманҳои кӯтоҳ ва ҳиҷобу сатр густариш ёфт, ки ин хавфи касодии фарҳанги миллиро ба миён овард.

Дар ҳақиқат, шумораи хоҳарони «сиёҳпӯш», ҳамчунин теъдоди тоҷикдухтарони ҳиҷобпӯше, ки дар шакли тангу кӯтоҳ ва хеле ношинам либоси аҷнабиёнро ба бар кардаанд, ҳоло камтар ба назар мерасад.

Модоме, ки либоси миллии мо нишон аз фарҳанги мо мебошад, пас, биёед, фарҳанги миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, ба бегонагон насупорем ва онро ба ояндагон бегазанд ба мерос гузорем.

Наргис НУРАЛИЗОДА,
муовини ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

 АКС аз бойгонии муаллиф

Сентябрь 22, 2024 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Маркази машваратӣ-равоншиносӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ таъсис дода шудаанд
Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
3 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
2 феврал – Рӯзи ҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ
Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» барои дастгирии лоиҳаҳои филмсозони ҷавон ягон монеа вуҷуд надорад
1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ. Мавзуи асосии сурудаҳои ӯ ишқу муҳаббати инсонӣ, тасвири табиат ва зебоиҳои он мебошанд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Ёдгориҳои Хутали Қадим таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд
Мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — намунаи барҷастаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон
«ҲАФТРАНГ БА ХОТИРАИ УСТОД». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоишгоҳ оғоз гардид
САДА — ҶАШНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТОҶИК. Нуру гармӣ ҷавҳар ва рамзу асли зиндагиофарии ин ид мебошанд