ЗИ ҲАМРОҲОН ҶУДОӢ МАСЛИҲАТ НЕСТ. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ба муносибати Рӯзи Мавлоно

Сентябрь 28, 2024 15:03

ДУШАНБЕ, 28.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 30 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил мегардад. Дар ин робита мулоҳизаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар», Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

— Дар пажӯҳишҳои эътирофшудаи олимони варзидаи мавлавишинос чунин омадааст: «Мавлавӣ Ҷалолиддини Балхӣ шоир ва орифест, ки «баҳрро дар кӯза гунҷонидааст». Мавлавӣ шоирест, ки аз сухан нардбоне сохтааст бузургу беҳамто, ки тавассути он метавон пилла-пилла то ба даргоҳи Худо роҳ ёфт».

«Дар қаламрави шеъри порсӣ шоиреро наметавон ёфт, ки аз ҳайси андеша, шиддати ҳаяҷон, ғалаёни эҳсосот, гуногунии мавзӯъ ва мазмунҳои шеърӣ, дарки амиқи масъалаҳои иҷтимоӣ, вуқуф бар нафсоният ва шинохти дардҳои дарунии одамӣ, фарогирии фалсафаву ҳикмат ва масоили бисёри дигар бо Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баробар шуда тавонад».

«Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ муаллифи китобҳои абадзинда ва дар олам беназири «Маснавии Маънавӣ», «Девони Кабир» ва рисолаи беҳамтои «Фиҳӣ мо фиҳӣ»-ст, ки лабрези гуфторҳои ҳикматомезу фалсафию рӯҳонии беназири ӯянд».

«Дар он китоби беназир саҳафоти заррини фаровонест, ки ҷаҳиши рӯҳии Ҷалолиддин шуморо ба авҷи осмонҳо мебарад, ба дарёи пурмавҷи ишқу ҳолу бехабарӣ меандозад, вале асолати он дар баёни матолиб ва кайфияти он баён ва бузургии он дар фаровонии андеша ва гуногунии он аст ва аз ин ҳайс дар дунё китобе ба бузургиву ҷалолат қадри «Маснавӣ» набошад. (Алии Даштӣ);

Мисли дарёст, оромиши он зебо ва ҳаяҷони он мафтункунанда аст, мисли дарё пур аз мавҷ, пур аз кафк, пур аз бод аст. Мисли дарё рангҳои бадеъи гуногун дорад: сабз аст, обист, бунафш аст, нелуфарист. Мисли дарё оинаи осмон ва ситорагон ва маҳали таҷаллии ашъаи офтоб ва моҳ ва офаринандаи нақшҳои ғуруб аст. Мисли дарё аз ҳаракат ва ҳаёт лабрез аст ва дар зери зоҳири сайқалӣ ва ором дунёе пур аз тапиши ҳаёт ва талоши тамомнашудании зиндагӣ дорад»

Девони Шамс девони шеър нест, ғавғои як дарёи пурталотуми тӯфонист. Девони Шамс инъикоси як рӯҳи ғайриором ва пур аз ҳаяҷону лабрез аз шӯру ҷазба аст. Ӯ дар уқёнусе дасту по мезанад ва ин дасту по задан ба шакли калимоти мавзун ва хушоҳанг дармеояд.

Ба қавли худи ӯ:

Ҳама ҷӯшам, ҳама мавҷам, сари дарёи ту дорам;

Нахустин хусусияте, ки аз ашъори Ҷалолиддин ба чашм мехӯрад ва ӯро аз соири шуаро мумтоз мекунад, ин аст, ки ӯ намехоҳад шеър гӯяд, мехоҳад эҳсосоти гунг ва мубҳами худро бигӯяд». Ӯ «гунги хобдида аст» ва хоби худро мехоҳад бигӯяд. Аммо дареғ, ки гӯши суханшунав нест.

Ман гунги хобдидаву олам тамом кар,
Ман оҷизам зи гуфтану халқ аз шуниданаш;

Шеъри Мавлоно шеърест, ки мисли рӯҳ ба тани инсон ворид мешавад ва ба ӯ ҷон мебахшад. Шеъре, ки «мурдаро зинда мекунад», ҳамин шеър аст, яъне, каломи раббонист. Беҳуда нест, вақте ки дар васфи ин калом гуфтаанд:

Ҳаст «Қуръон» дар забони паҳлавӣ.

Бале, чунин калом ҷон ба тани беҷон мебахшад, чунон ки ӯ худ гуфтааст:

Мурда будам, зинда шудам, гиря будам, ханда шудам.
Давлати ишқ омаду ман давлати поянда шудам.
Дидаи сер аст маро, ҷони далер аст маро,
Заҳраи шер аст маро, зӯҳраи тобанда шудам…
Гуфт, ки девона наӣ, сокини ин хона наӣ,
Рафтаму девона шудам, силсилабанданда шудам…

Даъватҳои Мавлоно ба ягонагиву ваҳдат имрӯз ҳам кӯҳна нашудаанд ва башариятро аз паси худ мебаранд.

Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест,
Сафар бе рӯшноӣ маслиҳат нест.
Чу мулки подшоҳӣ дида бошӣ,
Пас аз шоҳӣ гадоӣ маслиҳат нест.
Чу по дорӣ, бирав, дасте биҷунбон,
Ки ин бедаступоӣ маслиҳат нест.

Биёед, шеъри Мавлоноро мехонем, бо он худро, сиришти худ, чашму дили худро сафо мебахшем, аз он нерӯ ва бовар мегирем ва бо ҳар мисраи он, чунон ки худ фармудааст «пила-пила» ба боло, ба он олами поку мубарро мебароем:

Бинмой рух, ки боғу гулистонам орзуст,
Бикшой лаб, ки қанди фаровонам орзуст!
Ай офтоби ҳусн, бурун о даме зи абр,
К-он чеҳраи мушаъшаъи тобонам орзуст!…
З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,
Шери Худову Рустами Дастонам орзуст!…
З-ин халқи пуршикояти гирён шудам малӯл,
Он ҳойҳуву наъраи мастонам орзуст!..
Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малӯламу инсонам орзӯст!
Гуфтанд: «Ёфт менашавад, ҷустаем мо!»
Гуфт: «Он ки ёфт менашавад, онам орзуст!»…

Дар тавсифи Мавлоно ва ашъори ӯ метавон саҳифаҳои зиёдеро пур кард, ин тавсиф беохир хоҳад буд, мисли паҳнои фарогири шеъри ин нобиғаи сухан.

Метавонем ин гузориши мухтасарамонро бо ин байтҳои машҳур ҷамъбаст намоем:

«Маснавӣ»-и маънавии Мавлавӣ
Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.
Ман чӣ гӯям васфи он олиҷаноб,
Нест Пайғамбар, вале дорад китоб!

Дар поёни ин муарифии кӯтоҳ банда мехоҳам шеъреро, ки дар ситоиши Мавлон гуфтаам низ пешкаши хонандагон гардонам.

САД ҶАҲОН ДАР ЯК ҶАҲОН

Сад ҷаҳон дар як ҷаҳон овардааст,
Ломаконро бар макон овардааст.

Безабониро забон бахшидааст,
Бенишониро нишон овардааст.

Болу пар бар одамӣ бахшидааст,
То карони бекарон овардааст.

То вуҷудашро кунад тири Худо,
Қоматашро чун камон овардааст.

Аз ҳазорон ман яке мо сохта,
Ин аноҳоро инон овардааст.

Тори ҷонҳоро наво бахшидааст,
Баргҳоро бар забон овардааст.

Бо самоъе шӯру сози ишқро
Аз замин то осмон овардааст.

Баҳрро дар кӯзае гунҷондааст,
Қатраро баҳри дамон овардааст.

Пилла-пилла то мулоқоти Худо
Ҷону дилро армуғон овардааст.

Дар фурӯғи ишқ бо сози Худо
Хешро то ҷовидон овардааст.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 28, 2024 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«УФУҚҲОИ ИСТИҚЛОЛ». Он роҳнамои стратегию маънавии замони соҳибистиқлолии давлатӣ мебошад
ЗАХИРАИ МАҲСУЛОТИ ҒАЛЛАДОНАГӢ. Барои хушсифат мондани он танҳо донистани тарзи дурусти нигоҳдорӣ зарур аст
Нақши технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар таъмини амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ назаррас аст
Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкор ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ афзоиш меёбад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СОХТМОН. Бинокоронро ободгари зиндагии мардум меноманд
28 нафар зинаи магистратураи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Чӣ бояд кард, то дар шароити хона консерва безарар ва хушсифат омода шавад?
Дар Тоҷикистон бар асари 564 ҳодисаи сӯхтор 14 нафар ҳалок гардидааст
БАҲОГУЗОРИИ МУОСИР. Низоми 10-хола на танҳо рақам, балки роҳ ба сӯи адолат, шаффофият ва рушди воқеии қобилияти хонандагон аст
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Истиқлол фалсафаи ҳастии давлатдории имрӯзаи тоҷикон аст»
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионӣ ифтитоҳ гардид
ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР МУҲИТИ ПАРЛУМОНӢ. Ояндае, ки имрӯз фаро мерасад