Дар Душанбе вобаста ба Конститутсия конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ таҳти унвони «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – кафили ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Конфронс бо ташаббуси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид.
Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода дар мавзуи «Озодии виҷдон ва озодии эътиқод дар партави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуд. Ӯ фаъолияти озодонаи беш аз 4 ҳазор иттиҳодияи динӣ дар мамлакат, ҳамкории босамари мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи дин бо иттиҳодияҳои динӣ, ташкили фазо, шароит ва имконияти мусоиду баробар барои таъмини эҳтиёҷи динии пайравони динҳои гуногун ва ба ин васила эҷод гардидани фазои ҳамгироӣ ва таҳаммулпазирӣ дар ҷумҳуриро натиҷаи татбиқи босамари меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистон номид.
Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар мамлакат дар баробари чор ҳазор масҷид инчунин 66 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ низ озодона фаъолият менамоянд.


Дар конфронс гуфта шуд, ки нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкили давлатдории миллӣ дар он зоҳир мегардад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ дар байни вазифаҳои мафкуравию муассисӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ ва дигар вазифаҳо аз ҳама бештар вазифаи муқаддастарин, яъне муттаҳидгардонии давлат, ҷомеа ва халқи тоҷикро иҷро намуд. Конститутсия дар давраи ноороми таърихӣ ба маркази ҳаракатдиҳандаи қувваҳои солим табдил ёфта, фарҳанги сулҳи тоҷиконро поягузорӣ ва дар амал татбиқ кард ва ҳамчун санади муҳимми ҳуқуқӣ ба амалӣ шудани ҳадафҳои созандаи пешрафти давлат замина гузошт.
Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода вобаста ба табиати ахлоқию ҳуқуқии Конститутсия баён дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо, оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки давоми таърихи чандинҳазорсолаи халқамон идома ёфтааст, муайян намуда, кӯшишу талошҳои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ ҷомаи амал пӯшонид. «Муҳимтар аз ҳама, Конститутсия ба мамлакати мо имконият дод, то ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем».
Таъкид гардид, ки эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳам аз шахсони мансабдор ва ҳам аз шаҳрвандон дониши баланди касбӣ ва маърифати ҳуқуқӣ тақозо менамояд. Маҳз ҷавҳари маърифати ҳуқуқии миллат аз Конститутсия сарчашма гирифта, ба таҳкими равандҳои неки ҷамъиятӣ мусоидат менамояд. Имрӯз инсони дорои маърифати ҳуқуқӣ қодир аст, ки бо дарки моҳият ва азхуд намудани қонунҳои амалкунанда ҳуқуқ ва манфиатҳояшро пуштибонӣ намояд ва ин ҳолат хоси давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд мебошад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






