35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Бинои маъмурии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак навсозӣ гардид
ДУШАНБЕ, 03.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои маъмурии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак пурра аз таъмир бароварда шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бинои маъмурии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак бо мақсади фароҳам овардани шароити муосири фаъолият барои кормандони милитсия ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ бунёд гардидааст.
Таъкид гардид, ки бо назардошти ин ҳама дастгириву иқдоми созанда кормандони милитсия бояд ба Ватан садоқатмандона хизмат намуда, дар коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ, пешгирии он, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ содиқонаю софдилона саҳм гузоранд.
Ёдовар мешавем, ки саҳн ва атрофи бино пурра мумфарш карда шуда, ҳаммом, хобгоҳ, боксҳои нақлиётӣ ва ошхона барои ҳайати шахсӣ ҳамчун бинои иловагӣ сохта шудааст. Ҳуҷраҳои корӣ, толори маҷлисгоҳ, роҳравҳо ва маҳкамаи нигаҳдории муваққатӣ бо назардошти стандартҳои муосир навсозӣ гардидаанд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






