3765 ГЕКТАР ЗАМИН БА АҲОЛӢ. Дар Бадахшон дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои бунёди хонаи истиқоматӣ нисбат ба соли 1991 беш аз 3 баробар зиёд замин ҷудо гардидааст

Октябрь 14, 2024 14:00

ДУШАНБЕ, 14.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагӣ, ба зиёда аз 37 ҳазор оилаи вилоят 3765 гектар замин ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои бунёди хонаи истиқоматӣ ҷудо карда дода шуд. Ин нисбат ба заминҳои наздиҳавлигии то соли 1991 додашуда беш аз 3 баробар зиёд мебошад. Яъне бо назардошти он ки ҳоло дар вилоят ҳамагӣ 37 400 оила ба қайд гирифта шудааст, ҳамаи оилаҳо пурра бо замини наздиҳавлигӣ таъмин гардидаанд. Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 октябр зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иброз доштанд.

Дар муддати 75 соли замони гузашта ба сокинони вилоят ҳамагӣ 1200 гектар замин тақсим шуда буд. Аҳолии вилоят аз 172 ҳазори соли 1991 ба беш аз 230 ҳазор дар соли 2023 расида, яъне қариб 60 ҳазор нафар зиёд шудааст. То имрӯз дар масоҳати беш аз 1 миллион метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.

Иброз гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба соҳаи сохтмони вилоят аз ҳамаи сарчашмаҳо 6,5 миллиард сомонӣ маблағ равона гардида, бунёду навсозии зиёда аз ду ҳазор иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ амалӣ гардид. Танҳо дар 8 моҳи соли равон сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ 600 миллион сомониро ташкил додааст.

АСК: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 14, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард