Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмунҳои «Хушдомани беҳтарин» ва «Фарзанд-боғи падару модар» доир мегардад

Октябрь 28, 2024 16:26

ДУШАНБЕ, 28.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии озмунҳои «Хушдомани беҳтарин» ва «Фарзанд-боғи падару модар» баргузор мегардад.

Тавре дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004 дар бораи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» даври ниҳоии озмунҳои ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» ва «Фарзанд-боғи падару модар» 2 ноябр, соати 10:00 дар тарабхонаи «Амонҷон» бо иштироки ғолибон-намояндагони шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир мегардад.

Озмунҳо бо мақсади тақвияти мақом ва нақши оила дар ҷомеа тавассути роҳҳои баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоӣ-фарҳангӣ, нигоҳдорандаи анъанаҳои миллӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ дар муносибатҳои оилавӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва рӯзгордории оилаҳо, коҳиш додани шумораи бекоршавии ақди никоҳ ва раванди таъсиррасонии омилҳои доғи рӯз ба муносибатҳои оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва ҳидояти онҳо ба нигоҳубин ва парастории волидайн гузаронида мешаванд.

Ин озмунҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ду давр- даври якум дар маҳаллаҳо ва даври дуюм дар шаҳрҳо гузаронида шуданд.

Ғолибони озмун аз рӯйи талаботи нақши хушдоман дар таҳкими муносибатҳои оиладорӣ, касбу ҳунаромӯзӣ чун омили таҳкиму пойдории оила, саҳми хушдоман дар сарфаю сариштакорӣ ва рӯзгордорӣ, солимии оила дар муносибатҳои оилавӣ ва тарбияи дурусти фарзандон, саҳми оила дар ободонии хона, кӯча, шаҳрак ва маҳалла, нақши оила дар ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва ҷалби фарзандон ба хизмати Ватан муайян гардиданд.

Дар даври шаҳрии озмуни «Хушдомани беҳтарин» аз ноҳияи Сангвор сокини деҳаи Саридашти Ҷамоати деҳоти Тавилдара Сайлигул Мирзоева ва дар озмуни «Фарзанд- боғи падару модар» сокини ҳамин деҳа Орифҷон Додов ғолиб дониста шуда, бо Сипоснома ва мукофот қадрдонӣ гардиданд.

Сайлигул Мирзоева яке аз занони фаъоли ноҳия ба ҳисоб рафта, дар таҳкими муносибатҳои оиладорӣ ва касбу ҳунаромӯзӣ саҳм мегузорад. Дар сарфаю сариштакорӣ ва рӯзгордорӣ, солимии оила, муносибатҳои оилавӣ, тарбияи дурусти фарзандон ва саҳми фарзандон дар ободонии кӯчаву маҳал нақши ӯ назаррас аст. Ӯ зани бомаърифат, меҳнатдӯст ва дар оила меҳрубон буда, мардуми деҳа ӯро эҳтиром мекунанд.

Орифҷон Додов хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон буда, аз соли 2016 дар чорабиниҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок мекунад. Ӯ дорандаи «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, беш аз 50 медал ба даст овардааст. Орифҷон узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар риштаи гӯштини миллӣ, ҷудо ва устоди варзиш аз рӯйи гӯштини миллӣ мебошад.

Дар шаҳри Хоруғ дар ин озмунҳо 4 оилаи намунавӣ иштирок намуда, Мародбегим Мулкамонова ғолиби озмун дониста шуд.

Номбурда дар баробари хушдомани беҳтарин будан ҳамчунин яке аз занони фаъоли шаҳр ва раиси Шурои занони маҳалли зисташ мебошад.

Ҳамчун хушдоман дар оила мақоми хосса дошта, писаронаш хизмати Ватанро сарбаландона адо намудаанд. Ӯ дар пойдории оилаи фарзандонаш саҳми босазо дошта, дар таълиму тарбияи фарзандону набераҳо масъулияти баланд дорад.

Пайваста фарзандон ва наздиконашро ба дӯст доштани Ватан ва худшиносии миллӣ роҳнамоӣ мекунад.

Дар озмуни «Хушдомани беҳтарин» аз шаҳри Хуҷанд оилаи Ӯруноваҳо мақоми аввалро ба даст оварданд.

Замира Ӯрунова солҳои зиёд чун раиси Шурои занони маҳаллаи «Содирхон Ҳофиз»-и шаҳри Хуҷанд фаъолият бурда, намунаи олии рӯзгордорӣ ва оиладории ибратбахш аст. Ӯ соҳиби 2 писар, 2 келин ва 7 набера буда, дар шаҳр аз оилаҳои намунавӣ эътироф гардидааст.

Замира Ӯрунова дар озмуни вилоятии «Хушдомани беҳтарин» аз рӯи номинатсияи «Нақши хушдоман дар таҳкими муносибатҳои оиладорӣ» байни 18 оилаи намунавии шаҳру ноҳияҳои вилоят Суғд сазовори ҷои якум гардида, дар даври ҷумҳуриявии озмун шаҳри Хуҷандро муаррифӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи баргузории ин озмунҳо аз баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоиву фарҳангӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва рӯзгордории оилаҳо, солиму устувор ва пойдор нигоҳ доштани оилаҳо, коҳиш додани шумораи бекоршавии ақди никоҳ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, ҳидояти онҳо ба нигоҳубин ва парастории волидайн иборат мебошад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 28, 2024 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд