Дар Душанбе масъалаҳои ҳамкорӣ ва рушди хадамоти пенитенсиарии давлатҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуданд

Октябрь 17, 2024 13:22

ДУШАНБЕ, 17.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои роҳбарони хадамоти пенитенсиарии (иҷрои ҷазо)-и кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид, ки дар кори он масъалаҳои мубрам вобаста ба ҳамкорӣ ва рушди хадамоти пенитенсиарии давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил баррасӣ гардиданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа намояндагони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Беларус, Русия, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Маркази зиддитеррористӣ ва Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил иштирок намуданд.

Дар нишаст мубодилаи иттилоот вобаста ба вазъи соҳаи пенитенсиарӣ ва самтҳои асосии ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуда, маълумоти Котиботи Шуро дар бораи ҷараёни иҷрои қарори ҷаласаи VIII Шуро ва ҷараёни иҷрои нақшаи корӣ барои соли 2024 шунида шуд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, масъалаҳо вобаста ба чораҳои татбиқкунандаи Барномаи байнидавлатии тадбирҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2024-2028, иҷрои чорабиниҳои Барномаи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2023-2025 дар доираи салоҳияти Шурои роҳбарони хадамоти пенитенсиарии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷараёни омода намудани лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ дар самти иҷрои ҷазо барои баррасӣ ба мақомоти олии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳокима шуданд. Ҳамзамон аз натиҷаҳои он қарорҳои мушаххас қабул гардиданд.

Аз ҷониби аъзои Шуро қарор барои соли 2025 гузаронидани ҷаласаи навбатии X Шурои роҳбарони хадамоти пенитенсиарии (иҷрои ҷазо)-и кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Узбекистон қабул шуд.

Хадамоти пенитенсиарӣ (ҷиноятӣ-иҷроӣ)  аз калимаи лотинии poenitentia «пушаймонӣ» гирифта шуда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ- дастгоҳи маҷбуркунандаи давлатие аст, ки ба иҷрои ҷазоҳои ҷиноятие, ки тибқи қонун ба шаҳрвандон таъйин карда мешаванд, масъул аст.

 Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 17, 2024 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд