6 ОКТЯБР-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МАКОНИ ЗИСТ. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд таъсири харобиовари омили антропогенӣ ба табиатро ҷилавгирӣ намояд
ДУШАНБЕ, 06.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 6 октябр ҷомеаи ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи макони зистро таҷлил менамояд. Ҳадафи ин сана ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таъсири харобиовари омили антропогенӣ ба муҳити зист, хусусан олами ҳайвоноти сайёраи Замин мебошад. Дар дунё сол то сол ҳудудҳо бештар ба киштзор ва чарогоҳ табдил ёфта, аз ҳисоби афзоиши шаҳрҳо, истихроҷи маъданҳо, сохтмони корхонаҳои азим ва дигар иншооти бузург тағйир меёбанд. Ин дар ҳоле аст, ки даҳсолаҳои охир дахолати бе назорати инсон ба қонунҳои табиат боиси бебозгашт нобуд шудани садҳо намуди ҳайвонот ва наботот гардидааст.
Китобҳои Сурх ва Рӯйхатҳо ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки барои тамаркуз ба навъҳои наботот ва ҳайвоноти зери хатар қарордошта пешбинӣ шудаанд. Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи макони зист соли 1979 дар доираи Конвенсияи Берн оид ба ҳифзи олами ҳайвоноти ваҳшӣ ва зисти табиии Аврупо таъсис ёфтааст.
Одам бо фаъолияти худ кайҳо боз ба табиат таъсир расонда, онро тағйир медиҳад. Тибқи маълумоти Иттиҳодияи ҷаҳонии ҳифзи табиат, давоми 500 соли охир 844 намуди ҳайвонот ва наботот комилан аз байн рафтааст. Ва ин рақамҳо охирин нестанд, зеро имрӯз бисёр намудҳои олами ҳайвонот дар арафаи нестшавӣ қарор доранд. Ҳар намуди нобудшуда талафоти хеле моддӣ ва ҷуброннопазир аст.
Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи макони зист ба тамоми башарият ҳушдор медиҳад, ки ҳамаи мо, одамон танҳо як ҷузъи табиат ҳастем ва аз он қарздорем. Ин аст, ки рисолати Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи макони зист барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҷилавгирӣ аз таъсири харобиовари омили антропогенӣ ба табиат нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, дар доираи ин рӯз созмонҳои экологӣ ва экологҳо дар саросари ҷаҳон чорабиниҳои гуногун баргузор намуда, ҷомеаи ҷаҳониро даъват мекунанд, ки дар бораи зарурати ғамхорӣ ва ҳифзи сарватҳои табиии сайёраамон андеша кунанд. Инчунин тамоми тадбирҳои заруриро барои нигоҳ доштани маконҳои нотакрор, ки сол то сол кам мегарданд, андешанд ва барои ҳифзи онҳо аз харобшавӣ шароити мусоид фароҳам оранд.
Дар даҳсолаҳои охир вобаста ба босуръат афзудани таъсири фаъолияти инсон ба муҳити атроф ва экосистемаҳои табиӣ проблемаи аз маҳвшавӣ нигоҳ доштани намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди нестшавӣ қарордоштаи наботот ва ҳайвонот аҳамияти хосса пайдо кардаанд. Гуногунии биологии Тоҷикистон бой ва рангин аст. Дар асоси маълумоти навтарин, дар таркиби фауна ва флораи Тоҷикистон зиёда аз 13 000 намуди ҳайвонот ва беш аз 4 500 намуди растаниҳои гулдор муайян карда шудааст. Дар экосистемаҳои кӯҳии Тоҷикистон 80 фоизи гуногунии биологии мамлакат мавҷуд аст. Ҳаёт ва рӯзгори беш аз 70 фоизи аҳолии Тоҷикистон аз истифодаи боигариҳои табиӣ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои гуногунии биологӣ омили муҳимтарини беҳдошти некӯаҳволии аҳолӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа маҳсуб мешавад.
Дар даҳсолаҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва гуногунии биологӣ сиёсати дурандешона ва мақсаднок амалӣ карда мешавад.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин конвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳид «Дар бораи мавзеъҳои обӣ–ботлоқӣ» ва «Дар бораи ҳифзи намудҳои ҳайвоноти ваҳшии кӯчанда» ба имзо расидаанд. Соли 1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ дохил гардид ва уҳдадориҳои худро оид ба ҳифзи гуногунии миллии биологӣ расман эълон намуд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вобаста ба таъмини бехатарии радиатсонӣ машварат баргузор шуд
Нақши ниҳодҳои ҷамъиятӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Ба кӯдакони Муассисаи томактабии хусусии «Оиша»-и ноҳияи Восеъ бо се забон таълим дода мешавад
Дар доираи татбиқи лоиҳаи «БРАМОМ-4» дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳо панҷараҳои муҳофизатӣ сохта мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар 43 сардхонаи шаҳри Ҳисор беш аз 10 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира карда мешавад
Муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Суғд ба фасли зимистон омода мебошанд
Дар Душанбе ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои ИДМ оғоз гардид
ZET-MOBILE иқдоми навро оғоз кард: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОМОР. Тавассути омори расмӣ равандҳои муҳими иҷтимоӣ таҳлилу баррасӣ карда мешаванд






