Ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба таври манфиатбахш густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 11.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 10 октябр Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо сардори Сарраёсати тафтишот ва ҷустуҷӯи ҷиноятии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Абдураҳмон ал-Муҳаймид вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти корҳои дохилии ҳарду давлатро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва хатару таҳдидҳои замони муосир мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ ва боз ҳам густариш додани ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст






