Ҷамоатҳои деҳоти Ворух, Чоркӯҳ, Навгилем, Лаккон ва шаҳраки Шуроби шаҳри Исфара нақшаи даъвати тирамоҳиро иҷро намуданд

Октябрь 2, 2024 09:45

ДУШАНБЕ, 02.10.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Гурӯҳи аввалини ҷавонони синни даъватии шаҳри Исфара, хусусан ҷавонони ватандӯсту шуҷоатманди ҷамоатҳои деҳоти Ворух, Чоркӯҳ, Навгилем, Лаккон ва шаҳраки Шуроб ба таври ихтиёрӣ- бо амри дилу виҷдон азми хизмати Ватан-Модар намуда, 1 октябр- дар нахустин рӯзи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ботантана ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар ҳамоиши тантанавӣ таъкид гардид, ки нахустин рӯзи ҷалб ва гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аз оғози нек ва муташаккилонаи маъракаи даъват башорат медиҳад.

Иброз гардид, ки «аҷдодони хирадманди мо аз қадимулайём мардонагии ҳақиқиро дар омодагӣ ба ҳифзи Ватан ва ҷонфидоӣ ба номи Ватан медиданд. Бузургмардоне, чун Спитамену Деваштич, Темурмалику Восеъ ва даҳҳо дигарон, ки хушбахтии комили мардумро дар мавҷудияти Ватан дидаву барои ҳифзу ҳимояи сарзамини аҷдодии хеш ҷонфидоёна мубориза бурдаанд, барои насли ҷавони имрӯз тимсоли қаҳрамонӣ ва ватандӯстӣ мебошанд».

Дар анҷоми ҳамоиш ҳунармандони шаҳр барои болидаруҳии наваскарон барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 2, 2024 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид