Ҷамоатҳои деҳоти Ворух, Чоркӯҳ, Навгилем, Лаккон ва шаҳраки Шуроби шаҳри Исфара нақшаи даъвати тирамоҳиро иҷро намуданд
ДУШАНБЕ, 02.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи аввалини ҷавонони синни даъватии шаҳри Исфара, хусусан ҷавонони ватандӯсту шуҷоатманди ҷамоатҳои деҳоти Ворух, Чоркӯҳ, Навгилем, Лаккон ва шаҳраки Шуроб ба таври ихтиёрӣ- бо амри дилу виҷдон азми хизмати Ватан-Модар намуда, 1 октябр- дар нахустин рӯзи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар ҳамоиши тантанавӣ таъкид гардид, ки нахустин рӯзи ҷалб ва гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аз оғози нек ва муташаккилонаи маъракаи даъват башорат медиҳад.
Иброз гардид, ки «аҷдодони хирадманди мо аз қадимулайём мардонагии ҳақиқиро дар омодагӣ ба ҳифзи Ватан ва ҷонфидоӣ ба номи Ватан медиданд. Бузургмардоне, чун Спитамену Деваштич, Темурмалику Восеъ ва даҳҳо дигарон, ки хушбахтии комили мардумро дар мавҷудияти Ватан дидаву барои ҳифзу ҳимояи сарзамини аҷдодии хеш ҷонфидоёна мубориза бурдаанд, барои насли ҷавони имрӯз тимсоли қаҳрамонӣ ва ватандӯстӣ мебошанд».
Дар анҷоми ҳамоиш ҳунармандони шаҳр барои болидаруҳии наваскарон барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд











Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд






