Ҷавонони ноҳияи Рӯдакӣ барои иҷрои рисолати ҷавонмардӣ ба ҳифзи Ватан гусел карда шуданд

Октябрь 2, 2024 15:45

РӮДАКӢ, 02.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбӣ, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» 1 октябр дар ноҳияи Рӯдакӣ роҳпаймоӣ ва маросими тантанавии гусели наваскарон ба сафи Артиши миллӣ баргузор гардид. Дар рӯзи якуми даъвати ҳарбӣ 511 ҷавон аз комиссияи тиббии ҳарбӣ гузашта, барои анҷом додани қарзи шаҳрвандӣ ва иҷрои рисолати ҷавонмардӣ ба ҳифзи Ватан гусел карда шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ иброз гардид, ки хизмат ба Ватан ва ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ шараф ва номуси ҷавонмардӣ буда, вазифаю рисолати шаҳрвандӣ ва имонию виҷдонии ҳар фарди соҳибватан мебошад. Хислатҳои мардонагӣ, шуҷоат, далерӣ, ҳушёрӣ, тоқатпазирӣ ва обутоби ҷисмонию руҳӣ маҳз дар давраи хизмат дар сафи Артиши миллӣ ташаккул ёфта, камолоти физиологӣ ва психологии ҷавононро таъмин мекунанд. Таҷрибаи зиндагӣ собит намудааст, ки ҳар касе, ки дар сафи Артиш сарбаландона хизмат мекунад, ҳеҷ вақт дар ҳаёт дучори шикаст намешавад. Ба ибораи дигар, хизмат ба Ватан ҷавонро қавирода ва марди комил мегардонад ва ӯро ба тамоми пастию баландии ҳаёт тоқатпазир месозад.

Бо ташабуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, ба оилаҳое, ки 3,4,5 ва 6 фарзандашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмати ҳарбиро адо кардаанд, мукофоти молӣ тақдим карда мешавад. Ин нишони дастгириҳои рӯзафзуни Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба чунин оилаҳои шарафманд аст.

Зимни ҳамоиш ба наваскарон ҳуҷҷати ронандагӣ ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ тақдим карда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Октябрь 2, 2024 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд