Байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Русия оид ба Долони содакардашудаи гумрукӣ созишнома ба имзо расид

Октябрь 31, 2024 10:43

ДУШАНБЕ, 31.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия Созишнома оид ба ташкили тартиби содакардашудаи анҷом додани амалиёти гумрукӣ ҳангоми интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия («Долони содакардашудаи гумрукӣ) ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Созишнома дар доираи Форуми байналмилалии гумрукӣ – 2024, ки 29-30 октябри соли 2024 дар пойтахти Русия-шаҳри Москва баргузор гардид, имзо шуд.

Дар Форуми байналмилалии гумрукӣ – 2024 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Хуршед Каримзода иштирок намуд.

Форум аз чониби Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия ҳамасола ташкил шуда, платформаи муфид барои табодули таҷрибаи пешқадам дар самти танзими фаъолияти гумрукӣ мебошад. Он барои таҳкими муносибатҳои мақомоти гумрук бо доираҳои тиҷоратӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.

Дар Форуми байналмилалии гумрукӣ – 2024 масъалаҳои мубрами фаъолияти гумруки байналмилалӣ, тамоюлҳои калидӣ дар соҳаи фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва тағйирот дар тиҷорати байналмилалӣ баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин масъалаҳои рақамикунонии савдои хориҷӣ, ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар равандҳои расмиёти гумрукӣ, рушди тиҷорати электронӣ, тағйироти долонҳои логистикӣ ва дигар масъалаҳои муҳим дар самти фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 31, 2024 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст