Байни табибони Тоҷикистон дар Эрон даври омӯзишӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 08.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни табибони Тоҷикистон ва Эрон даври омӯзишӣ ва табодули таҷриба гузаронида шуда, то 17 октябр идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
24 табиби тоҷик барои омӯзиш ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафтанд. Давраи омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, табодули таҷриба байни роҳбарони соҳаҳои тандурустии Эрон ва Тоҷикистон оид ба масоили кумаки аввалини тиббию санитарӣ (КАТС) гузаронида мешавад.
Табибони тоҷик дар даври омӯзишӣ бо сохторҳои идоракунӣ, қоидаҳо ва нақши давлат дар таъмини дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ шинос мешаванд. Ин ба табибони тоҷик имконият медиҳад, ки таҷрибаи идоракуниро баррасӣ намуда, самтҳои беҳбуди сиёсати тандурустии Тоҷикистонро муайян намоянд. Даври омӯзишӣ ва табодули таҷриба байни табибони Тоҷикистон ва Эрон 6 октябр оғоз гардид.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






