Барои беҳтар омӯхтани забони чинӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон омӯзгорони забондон ҷалб мешаванд
ДУШАНБЕ, 09.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар самти табодули донишҷӯёну устодон ва кормандон бо Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ хабар доданд.
Зимни вохӯрии роҳбарияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо директори Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллӣ масъалаи ҷалби омӯзгорони забони чинӣ ба ин донишгоҳ баррасӣ гардид.
Ҳамзамон зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои ҳамкории мутақобилан судмандро баррасӣ намуданд.
Муҳтавои мулоқот ба сифати таҳсили муассисаҳо равона гардида, табодули донишҷӯёну устодон ва кормандон аз масъалаҳои мубраму аввалиндараҷаи ҳамкорӣ дониста шуд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар рейтинг (раддабандӣ)-и муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯйхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷойи аввалро соҳиб гардид.
Чунин баҳогузориро Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин вобаста ба таваҷҷуҳе, ки довталабони Чин нисбат ба Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон доранд, ба инобат гирифтааст. Хабари дар ҷойи аввал қарор гирифтани донишгоҳро Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сомонаи расмиаш интишор намуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






